Марказҳои тадқиқоти стратегии Тоҷикистону Покистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 27.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи сафари ҳайати кормандони Маркази омӯзиши глобалӣ ва стратегии Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (МТС) ва Маркази омӯзиши глобалӣ ва стратегии Ҷумҳурии Исломии Покистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Аз маросими ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки санади мазкурро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар ва президенти Маркази омӯзиши глобалӣ ва стратегии Ҷумҳурии Исломии Покистон, генерал –майори мустаъфӣ Сайид Холид Амир Ҷаъфарӣ ба имзо расониданд.
Ҳамзамон ҳайати покистонӣ, ки ба он директори иҷроияи Маркази омӯзиши глобалӣ ва стратегии Ҷумҳурии Исломии Покистон Холид Таймур Акрам ва сармуҳаррири рӯзномаи «Daily Herald Tribune» Ғулом Акбар шомиланд, бо роҳбарият ва ҳайати кормандони МТС мулоқот анҷом доданд. Дар ҷараёни мулоқот роҳбарият ва сардорони раёсатҳои МТС доир ба самтҳои фаъолияташон маълумот доданд.
Инчунин дар мулоқот масъалаҳои марбут ба таҳкими самтҳои мутақобилан судманди ҳамкорӣ байни марказҳои тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ шуда, пешниҳодҳои судманд баён гардиданд.

Президенти Маркази омӯзиши глобалӣ ва стратегии Ҷумҳурии Исломии Покистон Сайид Холид Амир Ҷаъфарӣ роҷеъ ба фаъолияти маркази мазкур ибрози назар намуда, гуфт, ки он яке аз бузургтарин марказҳои омӯзиши глобалӣ ва стратегӣ дар Покистон маҳсуб меёбад. Марказ алҳол бо марказҳои пажӯҳишии стратегии 15 кишвари ҷаҳон, назири Чин, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ҳамкорӣ дорад.
Бояд тазаккур дод, ки бо имзои Ёддошти тафоҳум Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази омӯзиши глобалӣ ва стратегии Ҷумҳурии Исломии Покистон ҳамкориро дар бахшҳои гуногун- ташкили конференсияҳои муштарак дар Душанбе ва Исломобод, табодули таҷриба ва иттилоот, ташкили курсҳои омӯзиши забони англисӣ ва ғайраро ба роҳ мемонанд.
Дар мулоқот ҳамзамон доир ба ҳамкории мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, авзои минтақа ва ҷаҳон, мубориза бо бархе аз зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир- ифротгароӣ ва терроризм ва таъмини амнияти иттилоот ибрози назар карда шуд.








Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд
Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Умон вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Миср дар соҳаи технологияи рақамӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Кувайт мулоқот кард
Президенти Узбекистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 иштирок кард
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор мулоқот намуд






