МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ: 22 ҳазор довталаб ба озмуни тақсимоти асосӣ роҳ наёфтааст
ДУШАНБЕ, 03.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз нақшаи қабули имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли ҷорӣ ба муассисаҳои олии касбӣ ва ҳам миёнаи касбӣ, ки 67 ҳазору 844 нафарро ташкил медод, тақрибан 22 ҳазор нафар довталабон ба озмуни тақсимоти асосӣ роҳ наёфтаанд. Шумораи довталабоне, ки дар имтиҳонҳои дохилшавӣ иштирок кардаанд, қариб 82 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Матлаби мазкурро директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Икромӣ имрӯз зимни баргузории нишасти матбуотӣ дар ҳузури доираи васеи хабарнигорон баён намуд.
Ба зикри мавсуф, ҳар як довталаб тариқи кабинети инфиродӣ, пеш аз ҳама, тариқи sms – пайёмак аз роҳ ёфтани худ ба озмуни тақсимот малумот мегирад.
«Роҳ наёфтани довталаб маънои онро дорад, ки довталаб аз як ё ду фанни имтиҳонӣ муваффақ нагардидааст, яъне дар ягон озмуни тақсимот дигар иштирок карда наметавонад. Ин довталабон метавонанд дар оянда донишу малакаи худро сайқал дода, дар соли оянда аз нав ҳуҷҷат супоранд», афзуд Хуршед Икромӣ.
Ба зикри мавсуф, сӣ фисади саволҳои имтиҳонии имсола аз солҳои қаблӣ буд, ки барои довталабон имкони бештар барои муваффақ шуданро медод.
«Дар озмуни тақсимоте, ки рӯзи 7 августи соли ҷорӣ дар назар дошта шудааст, як қисми довталабон муваффақ намегарданд. Он нафароне, ки дар рӯзи тақсимоти асосӣ аз рӯи 12 ихтисос муваффақ мегарданд, пурра донишҷӯ мешаванд. Довталабоне, ки аз ихтисосҳои интихобкардаи худ холи кофиро ба даст наовардаанд, ба тақсимоти такрорӣ интиқол меёбанд. Дар озмуни тақсимоти такрорӣ довталабон бе супоридани имтиҳон метавонанд ихтисосҳоеро интихоб намоянд, ки нақшаи қабули он пурра иҷро нашудааст»,- гуфт директори Маркази миллии тестӣ.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






