МД «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» сатҳи тиҷораткунонии хоҷагиҳои фермериро баланд мебардорад
ДУШАНБЕ, 01.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи тиҷораткунонии соҳаи кишоварзӣ аз ҳисоби маблағҳои грантии Ассотсиатсияи байналмиллалии рушд (АБР) бо мақсади дастгирӣ намудани ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушд ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ тайи солҳои охир таҳия гардидааст. Ин нукта дар нишасти матбуотии Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» баён гардид.
Зикр шуд, ки дар доираи Лоиҳа дар якҷоягӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки ширкатҳои коркардкунандаи ватанӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалии «Gulfood», ки аз 18 то 22 феврали соли равон дар Дубай баргузор гардида буд, таъмин карда шуд.
Бояд гуфт, ки «Gulfood» –намоишгоҳи калонтарин дар ҷаҳон оид ба маҳсулоти хӯрока мебошад, ки дар он зиёда аз 5 ҳазор эспотентҳо ва 40 ҳазор муштариён аз 150 мамлакати ҷаҳони Ғарбу Шарқ ширкат меварзанд.
Ба иттилои муовини директори муассисаи мазкур Ҳусейн Каримов, маҳсулоти Тоҷикистон имсол бори аввал дар ин намоишгоҳ дар павилони махсус бо ороиши миллӣ, бо пешниҳоди меваи хушки корхонаҳои коркарди ватанӣ, аз қабили ширкатҳои «Ориёи Исфара», «Абрикос ва Компания», «Тоҷикпродакт» ва «Исфарафурд» муаррифӣ карда шуд.
«Ҳамаи ин ширкатҳо асосан бо содироти меваҳои хушк ва тару тоза ба хориҷи мамлакат машғуланд. Мақсади асосии иштирок дар намоишгоҳи «Gulfood» низ ин диверсификатсияи бозори содиротӣ ва баромадан ба бозорҳои Шарқи Наздик буд»,-илова намуд номбурда.
Ёдовар мешавем, ки ҳадафҳои лоиҳа аз баланд бардоштани сатҳи тиҷораткунонии хоҷагиҳои фермерӣ ва маҳсулоти агроистеҳсолӣ, дастгирии рушди корхонаҳои хурд ва миёна дар сатҳи деҳот тавассути васеъгардонии имконоти дастрасӣ ба маблағгузорӣ ва мустаҳакам кардани иқтидори манфиатгирандагони лоиҳа иборат аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






