Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон машваратҳои консулӣ доир шуданд
ДУШАНБЕ, 29.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе мутобиқи барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон машваратҳои консулӣ доир шуданд.
Аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки машваратҳои консулӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии сардори Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳром Холназаров ва сардори Раёсати консулӣ ва ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Улфат Қодиров баргузор гардид.
Тибқи иттилои сарчашма, зимни машваратҳои консулӣ ҷонибҳо мавзӯъҳои ҳамкории дуҷониба, ёрии ҳуқуқӣ ва вазъи ҳуқуқии шаҳрвандон ва дигар масъалаҳои марбут ба самти фаъолияти консулиро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, доир ба иҷроиши конвенсияҳо ва созишномаҳои байналмилалии имзогардида табодули афкор намуда, ба сатҳи иҷроиши онҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.









Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд






