Модарону ҷавонони шаҳри Норак амалҳои террористии дар ноҳияи Данғара рухдодаро маҳкум менамоянд

Август 3, 2018 09:06

НОРАК, 03.08.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Модарону ҷавонони шаҳри Норак фоҷеаи нангини ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ, ки 29 июли соли равон дар ҳудуди ноҳияи Данғара аз тарафи ҳампаймонону ҳамаслакони Ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ сурат гирифт, маҳкум намуда, онро кирдори ваҳшиёнаву ноҷавонмардона ва разилона номиданд.

Яке аз модарони собиқадори шаҳри Норак Мамлакат  Азимова иброз намуд, ки душманони миллати тоҷик  ончунон андешаю нақшаҳои нопоки худро ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ  дар мағзи ҷавонони мо ҷой мекунанд, ки аз онҳо ҳатто модар ва завҷаҳояшон ҳам огоҳ намегарданд. Мисоли ин гуфтаҳо ҷавонони фиребхӯрдаи шаҳри  Норак  Аслиддин ва Ҷаъфариддин Юсуповҳо,  фарзандони Набодбегим Юсупова, ки бо супориши хоҷаҳои зархаридашон дар ин амалҳои нангину ваҳшиёна иштирок намуда ҳалок гардиданд, мебошад.

Мамлакат мегӯяд, вақте ба дидори модари  онҳо Набодбегим рафтем, ӯ гуфт, ки «агар ман аз  шомил гардидани  фарзандонам ба ин ташкилоти ифротӣ бохабар мешудам, ҳатман ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  муроҷиат мекардам. Ман розӣ будам, ки онҳо маҳбас шаванду  дар чунин ҳодисаи нангин иштирок накунанд. Вале сад афсӯс, ки онҳоро ба таври пинҳонӣ  террористон ба тарбия ва итоати  худ дароварда, бо хоҳиши дилашон идора мекардияну мани наздиктарин кас барояшон аз ин ҳолат бехабар мондам».

Ин зани пуртаҷриба аз  падару модарон хоҳиш намуд, ки ба тарзи истифодабарии  телефонҳои  мобилии фарзандонашон диққати махсус диҳанд, онҳоро ба таври ҷиддӣ назорат намоянд. Зеро   имрӯзҳо ягона василаи  тарғибу ташвиқи ҷавонон  ба сафи гурӯҳҳои террористӣ телефони мобилӣ мебошад.

Фирдавс Ғафурзода, яке аз ҷавонони фаъоли шаҳри Норак зикр намуд, ки  «мо, ҷавонони ин минтақа аз ин ҳодиса сахт андӯҳгин буда, ин амали ваҳшиёнаро маҳкум менамоем. Изҳори умед мекунем, ки ҳамаслакони ин гурӯҳҳои терористӣ  дастгир ва дар назди қонун ҷавоб медиҳанд».

Ба андешаи номбурда, Ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ бо ин кирдори ваҳшиёна зиндагии осудаи мардуми тоҷикро ноором кардан мехоҳад. Онҳо бо ин амали зишти худ бори дигар исбот намуданд, ки душмани ашадии тоҷику Тоҷикистонанд. Онҳо рушду нумӯъ ва шукуфоии Тоҷикистони моро нахоста, кӯшиш менамоянд, ки бо ҳар роҳу васила зарари худро  ба мардуми шарафманди тоҷик расонанд.

«Мо,  ҷавонон ин амали  тарҳрезишудаи  хоинони миллатро  қатъиян  маҳкум намуда, зери шиори — барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум талош намуда, барои ояндаи дурахшони ватани азизамон ҳамеша  саҳмгузор  ҳастем.

Бобои Абдумаҷиди 75 сола мегӯяд, ки дар давоми умраш дар зиндагӣ пастию баландии зиёдро дидааст. Аз ҷумла, вазнинтарини зиндагиро дар  солҳои ҷанги шаҳрвандӣ паси сар кардааст. «Барои дарёфти як пора нон соатҳо пиёда ба дигар минтақаҳо мерафтем. Сад шукри тинҷию осоиштагӣ, ки мардум  аз нону дигар неъматҳо сер гардидаанд, бо ин ҷавононро чӣ намерасида бошад? Аз ҷавонон хоҳиш менамоям, ки бо меҳнати ҳалол нон ёфта хӯред ва ба гапи  душманони миллат бовар накунеду оромии кишварро ҳифз намоед».

Август 3, 2018 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад