МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОН ВА АҲЛИ ҶОМЕА ДАР ДАНҒАРА: ба онҳое, ки ҷиҳати ифшои гунаҳгорони амали террористӣ ба мақомот кумак намуданд, мукофотҳо тақдим карда шуд

Август 4, 2018 12:51

ДУШАНБЕ, 04.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷамоатҳои деҳоти Лолазор ва Лоҳури ноҳияи Данғара мулоқоти Гурӯҳи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода бо фаъолон ва аҳли ҷомеа доир гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ноҳияи Данғара иттилоъ дод.

Дар мулоқот инчунин Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, Раиси ноҳияи Данғара Маҳмадулло Саидализода ва роҳбарону намояндагони дигар мақомоту ташкилотҳои дахлдор, фаъолон ва намояндагони аҳли ҷомеаи ноҳияи Данғара ширкат намуданд.

Зимни мулоқот Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ноҳия, ки дар рӯзи содир шудани амали террористӣ ва баъди он ба зарардидагон —  сайёҳони хориҷӣ дасти мадад дароз намуда, бо мақомоти ҳифзи тартибот ва қонун ҷиҳати саривақт ошкор намудани омилони ин ҷинояти ваҳшиёна ҳамкорӣ ва мусоидат карданд, изҳори ташаккур намуд. Зикр гардид, ки маҳз бо кумаку дастгирии сокинони ноҳия ва мавқеи фаъоли шаҳрвандии онҳо дар муддати кӯтоҳ ҳадафҳои шум ва зерипардагии ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзат аз ҷониби мақомоти амниятӣ, ки дар ин куштори ваҳшиёна даст дошт, рӯи об бароварда шуд.

Раиси ноҳияи Данғара Маҳмадулло Саидализода ба сокинони алоҳидаи ноҳия, ки дар ин бобат аз ҳама бештар фаъолият нишон додаанд, мукофотҳо тақдим намуд.

Фаъолон ва намояндагони аҳли ҷомеаи ноҳияи Данғара ба сухан баромада, изҳор доштанд, ки мақсади террористон дар тамоми нуқоти олам тарс додану ба итоат даровардани мардум аст, вале сокинони Данғара, вилояти Хатлон ва саросари Тоҷикистон аз чунин кирдори зишти нохалафон тарс нахоҳанд дошт, минбаъд бештар аз пештар ҳушёриву зиракии сиёсӣ нишон хоҳанд дод ва дар атрофи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам зичтар муттаҳид гардида, дар роҳи амалӣ сохтани нақшаву барномаҳои Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди бештари Тоҷикистони азиз ва боз ҳам беҳтар сохтани сатҳи зиндагии мардум ҷаҳду ҷадал ба кор мебаранд ва ҷашни дарпешистодаи 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор пешвоз мегиранд.

Август 4, 2018 12:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд