Мулоқоти директори АМИТ «Ховар» бо роҳбарони Маркази тадқиқоти глобалӣ ва стратегии Покистон

Август 27, 2018 17:00

ДУШАНБЕ, 27.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. 27 августи соли равон дар толори Маркази матбуотии ҷумҳуриявии «Ховар» мулоқоти директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ бо   роҳбарони  Маркази тадқиқоти глобалӣ ва стратегии Ҷумҳурии Исломии Покистон    баргузор шуд.

Дар мулоқот бо директори АМИТ «Ховар»  президенти Маркази тадқиқоти глобалӣ ва стратегии Покистон, генерал-майори мустаъфӣ Саид Холид Амир Ҷаъфарӣ, директори иҷроияи Маркази тадқиқоти глобалӣ ва стратегии Покистон  Холид Таймур Акрам, сармуҳаррири рӯзномаи «Daily Herald Tribune», узви Раёсати мушовараи Маркази тадқиқоти глобалӣ ва стратегии Покистон Ғулом Акбар  ва намояндагони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Директори АМИТ «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, онҳоро бо таърих ва фаъолияти АМИТ «Ховар» ба таври мухтасар шинос кард.

Дар навбати худ, роҳбари ҳайати меҳмонон низ оид ба фаъолияти Маркази тадқиқоти глобалӣ ва стратегӣ, хусусан равобити ин Марказ бо воситаҳои ахбори оммаи Покистон, ҳамкории он бо агентиҳои иттилоотии давлатҳои кишварҳои ҳамҷавори Тоҷикистон —  Ӯзбекистон ва Чин, тартиби кори рӯзномаи «Daily Herald Tribune» маълумот пешниҳод намуданд.

Ҷонибҳо  масъалаи  ҳамкории судманд миёни АМИТ «Ховар» ва Агентии иттилоотии Покистон «Associated Press of Pakistan» (APP)-ро мавриди муҳокима қарор доданд.  

Намояндагони Маркази тадқиқоти глобалӣ ва стратегии Покистон   изҳори хоҳиш намуданд, ки байни ин Марказ ва АМИТ «Ховар» низ созишномаи ҳамкорӣ имзо карда шавад. Директори АМИТ «Ховар» ин пешниҳодро хуш  қабул карда, иброз намуд, ки лоиҳаи созишнома омода ва пас аз омӯзиш ва мувофиқа бо мақомоти дахлдори Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин имконияти роҳандозӣ кардани ҳамкорӣ миёни АМИТ «Ховар» ва рӯзномаи «Daily Herald Tribune» баррасӣ карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан намояндагони Маркази тадқиқоти глобалӣ ва стратегии Ҷумҳурии Исломии Покистон аз Китобхонаи миллӣ ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон, мавзеҳои зебоманзари ноҳияи Варзоб дидан намуда, бо роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мулоқот доир намуданд.

Пагоҳ мулоқоти ин ҳайат бо Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ва Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар назар дошта шудааст.

 

Август 27, 2018 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст