Мулоқоти роҳбари Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Қирғизистон» бо рӯзноманигори Агентии «Кабар»-и Қирғизистон
ДУШАНБЕ, 09.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Таваҷҷуҳи беандозаи хонандаи тоҷик ба эҷодиёти нависандаи машҳури қирғиз Чингиз Айтматов, тарҷума ва дастраси хонанда шудани асарҳои ӯ далели рӯшани муносибатҳои хуби фарҳангии Тоҷикистону Қирғизистон аст»,-чунин иброз дошт мудири шуъбаи насри Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Қирғизистон» Мирзо Шукурзода дар мулоқот бо рӯзноманигори Агентии «Кабар» -и Ҷумҳурии Қирғизистон Тумара Турабекова, ки ҷиҳати иштирок дар пресс-тур ба Душанбе омадааст. Мулоқот имрӯз дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» баргузор гардид.
Зимни мулоқот зикр карда шуд, ки дар Тоҷикистон тавассути асарҳои безаволи нависандаи машҳури дунё Чингиз Айтматов дар бораи Қирғизистон, сокинони он, урфу одатҳои ин мардуми ҳамсоякишвар маълумоти хеле зиёд доранд. Аз ҷумла, вақте ки асарҳои Чингиз Айтматов чоп мешуданд, нахустин шуда дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ адибону тарҷумонҳои тоҷик он асарҳоро тарҷума мекарданд. Аз ҷумла Мирзо Шукурзода достони «Манас»-ро чанд сол пеш ба забони форсӣ тарҷума карда буд. Ҳоло низ ин анъанаи нек идома дорад. Чанде пеш Ҳикмат Раҳмат романи Чингиз Айтматов «Вақте ки кӯҳҳо фурӯ мераванд»-ро тарҷума кард ва нашриёти адиб онро чоп намуд.
Дар навбати худ, Тумара Турабекова аз равобити дӯстонаи Тоҷикистону Қирғизистон ва ҳамкории адабиву фарҳангии ду давлати ҳамсоя ситоиш намуда, зикр кард, ки тоҷикон ва қирғизҳо аз қадим бо ҳам муносибати хуби ҳамсоягӣ доштанд ва барои идома ва рушд додани робитаҳо тамоми заминаҳо фароҳам оварда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 10-11 августи соли равон бо ташаббуси Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Шӯрои агентиҳои иттилоотии давлатии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саёҳати журналистон (пресс-тур) ба маконҳои таърихию фарҳангии шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Турсунзода, Норак пешбинӣ шудааст. Дар он иштироки намояндагони агентиҳои иттилоотии давлатии ҷумҳуриҳои узви ИДМ — ИТАР-ТАСС, АБИ «КАЗИНФОРМ», АМИҚ «Кабар», АМИӮ «УзА» ва ғайраҳо дар назар дошта шудааст.
Қобили қайд аст, ки гузаронидани пресс-тур дар ҷаласаи 21-уми Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатӣ, ки 15-16 марти соли 2016 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба нақша гирифта шуда буд. Он замон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯро, Директори генералии ТАСС (Россия) Сергей Михайлов ва муовини аввали ӯ Михаил Гусманро ба ҳузур пазируфта буданд.
Пресс-тур барои рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии пешсафи ИДМ дар доираи чорабинии бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардида, ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар соли 2018 бахшида шудааст.








Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд
Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






