Мулоқоти Рустам Назарзода бо президенти Маркази омӯзиши глобалӣ ва стратегии Ҷумҳурии Исломии Покистон
ДУШАНБЕ, 29.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. 28 августи соли равон Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назарзода бо президенти Маркази омӯзиши глобалӣ ва стратегии Ҷумҳурии Исломии Покистон Саид Холид Амир Ҷаъфарӣ мулоқот доир намуд.
Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар рафти вохӯрӣ Рустам Назарзода ба Саид Холид Амир Ҷаъфарӣ маълумоти муфассал оид ба фаъолияти Кумита, сохторҳои он ва ҳамкории байналмилалӣ бо кишварҳои хориҷӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ пешниҳод намуд.
Зикр гардид, ки рушди робитаҳои ду давлат дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз офатҳои табиӣ хеле муҳим буда, Кумита ба ин масъала диққати махсус медиҳад.
Саид Холид Амир Ҷаъфарӣ изҳор намуд, ки минбаъд низ талоши муштаракро барои таҳкими ҳамкории байни сохторҳои дахлдори ду кишвар идома хоҳад дод.
Дар рафти вохӯрӣ мубодилаи васеъ оид ба масъалаҳои манфиатҳои тарафайн сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки намояндагони Маркази омӯзиши глобалӣ ва стратегии Ҷумҳурии Исломии Покистон дар доираи сафари кории худ аз Китобхонаи миллӣ ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон, мавзеъҳои зебоманзари ноҳияи Варзоб дидан намуда, бо роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва директори АМИТ «Ховар» мулоқот доир намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






