Муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим аз ҷараёни омодагии иншооти истеҳсол ва интиқоли гармидиҳӣ дар пойтахт дидан намуд

Август 14, 2018 09:30

ДУШАНБЕ, 14.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим аз ҷараёни омодагии иншооти истеҳсол ва интиқоли гармидиҳии Маркази барқу гармидиҳии (МБГ) Душанбе -1 ва 2, дегхонаҳои ғарбию шарқӣ ва Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе  дидан намуд. 

Зимни боздид муовини Сарвазири мамлакат  таъкид намуд, ки имсол шумораи биноҳои баландошёнаи гармиқабулкунанда дар шаҳри Душанбе 1700 ададро ташкил намуда, иловатан пайвастшавии 100 иншооти дигар ба нақша гирифта шудааст.

Дар баробари ин, сокинони аксарият биноҳои навбунёди баландошёнаи пойтахт низ ҳавасмандии худро ҷиҳати пайваст шудан ба шабакаҳои гармидиҳӣ  баён намуда истодаанд. Ба гунаи мисол, агар дар ноҳияи Фирдавсӣ шумораи умумии истифодабарандагони гармӣ дар соли гузашта 15 ададро ташкил менамуд, пас ин нишондиҳанда дар соли ҷорӣ қариб чор маротиба зиёд гардида, 56 ададро ташкил медиҳад.

Аз ин лиҳоз, сохторҳои хизматрасон муваззаф мебошанд, ки дар доираи иқтидорҳои мавҷуда ҷиҳати ҳарчи бештар пайваст кардани биноҳои баландошёна ба шабакаҳои гармидиҳӣ аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намоянд.

Ба истифода додани дегхонаи шарқию ғарбӣ ва МБГ Душанбе-1 бо гази табиӣ имконияти истеҳсоли неруи барқ ва интиқоли гармиро афзун гардонида, вазъи таъмини гармидиҳии сокинонро беҳтар менамояд.

Муовини Сарвазир махсус таъкид намуд, ки истеҳсол, интиқол, қабул ва пардохти ҳаққи истифодабарии гармӣ бояд пурра таъмин карда шавад. Зеро маҳз ҷамъоварии саривақтии маблағ аз истифодабарандагон кафолати фаъолияти мунтазами соҳа мебошад.

Муовини Сарвазир аз сохторҳои масъул даъват ба амал овард, ки корро бо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сокинони пойтахт бо назардошти таъмини сифати баланди хизматрасонӣ роҳандозӣ намоянд.

Баъди пурра аз назар гузаронидани санҷиши назоратии омодагӣ ба зимистонгузаронии иншооти гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе муовини Сарвазири мамлакат ҳолати имрӯзаи корҳоро хуб баҳогузорӣ намуда, муҳлати ниҳоии омодагиҳоро санаи 15 сентябри соли равон муқаррар намуд.

 

Август 14, 2018 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Спитамен бо вазъи соҳаҳои пахтакорӣ, боғдорӣ ва токпарварӣ шинос гардид
Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд
Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад