Мутахассисон рушди низоми обёрии заминҳои кишоварзиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 30.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои рушди низоми обёрии заминҳо дар соҳаи кишоварзии кишвар имрӯз дар Душанбе дар ҳамоише, ки бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуд, матраҳ гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки иштирокдорони ҳамоиш –мутахассисони вазорату идораҳои давлатии мамлакат, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва коршиносони соҳа роҷеъ ба вазъи самараноки истифодаи захираҳои обӣ, вобастагии ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ ва таъмини шуғли пурмаҳсул барои аҳолии деҳот, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 махсус зикр шудааст, монеа ва имкониятҳои рушди низоми идоракунии соҳаи обёрии заминҳо дар соҳаи кишоварзӣ ибрози назар намуданд.
Зикр шуд, ки ҷорӣ намудани технологияи наву муосир бо мақсади истифодаи самараноки об ва мутобиқшавии бахши кишоварзӣ дар робита ба тағйирёбии иқлим барои рушди соҳаи кишоварзӣ, хусусан обёрии заминҳои кишоварзӣ нақши муассир мебозад.
Гуфта шуд, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ бо дастгоҳҳои обченкунӣ таъмин нестанд, ки он ба риоя накардани реҷаи дурусти обёрӣ таъсир мерасонад. Дар ин росто, таҷдид ва барқарор намудани инфрасохтори обёрӣ ва ҷорӣ кардани технологияи обёрии муосири сарфакунандаи неруи барқро афзалият шумориданд.

Мутахассисони соҳа пешниҳод карданд, ки бояд дар ин самт таҷрибаи обёрии бахши кишоварзии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, хусусан дар самти обмонии қатрагӣ ва зери плёнкавӣ омӯхта ва роҳандозӣ гардад.
Дар ҳамоиш ҳамчунин вазъи иҷрои барномаю нақшаҳои беҳтар намуддани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ, иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, барқарорсозии қубурҳои баландфишор дар пойгоҳҳои обкашӣ баррасӣ гардида, пешниҳодҳои судманд ироа шуданд.








Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет






