НАХУСТИН БЕМОРХОНАИ ХУСУСӢ ДАР ХОРУҒ! Дар баробару ташхису табобат дар он доруҳои гуногун аз гиёҳҳои шифобахш низ истеҳсол мекунанд
ХОРУҒ, 29.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Хоруғ Маркази хадамоти тиббии хусусӣ ба фаъолият оғоз мекунад. Ин нахустин маркази хусусии тиббӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, аз 6 ошёна, 11 ҳуҷра барои табобати беморон, 8 утоқ барои ташхиси тиббӣ ва истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахш, маҷлисгоҳу таълимгоҳ иборат аст.
Соҳибкори маҳаллӣ Шафоат Ватаншоева, ки бунёди ин беморхонаро бар ӯҳда дорад, дар суҳбат бо хабарнигори минтақавии «Ховар» изҳор намуд, ки «чанд соли охир Пешвои миллат ба рушди соҳибкории хурду миёна, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд. Соҳибкороне, ки ба тавлиди корхонаи истеҳсолӣ машғул мешаванд, ҳангоми интиқоли таҳҷизоти техникӣ аз имтиёзҳои хуб бархӯрдор мегарданд».
Шафоат Ватаншоева гуфт, ки дар бунёди ин беморхона ба ӯ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят кумаки беандоза расонданд. Сари вақт барояш қитъаи замин ҷудо карда, ҳуҷҷатҳои заруриро низ дар муҳлати кӯтоҳ таҳия намуданд.
Маркази хизматрасонии тиббӣ дорои шуъбаҳои ҷарроҳӣ, занона, бемориҳои дарунӣ, гӯш, бинӣ, гулӯ буда, тамоми таҷҳизоти тиббӣ ва воситаҳои ёрирасони техникӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ мебошад.
Ба гуфтаи Шафоат Ватаншоева, мутахассисони марказ ба интихоб ва интиқоли таҷҳизоти тиббӣ барои ташхисгоҳ аҳамияти хос доданд. Зеро бидуни ташхиси дақиқ табобати комил ғайриимкон аст.
«Аксари дастгоҳҳое, ки дар ташхисгоҳ васл карда шуданд, назирашон дар ягон муассисаи тандурустии вилоят вуҷуд надорад. Аз ин рӯ он бемороне, ки барои ташхис ва муайян кардани беморӣ ба шаҳри Душанбе сафар менамуданд, акнун бидуни хароҷоти иловагӣ аз ташхис гузашта, дар худи марказ ба табобат фаро гирифта мешаванд»,-зикр кард ӯ.








Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад






