Нассоҷону чеварони тоҷик барои таҷрибаомӯзӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон рафтанд
ДУШАНБЕ, 07.08.2018/АМИТ «Ховар»/. Намояндагони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон дар ҷараёни сафари якҳафтаинаи худ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки аз дирӯз оғоз гардид, таҷрибаи ҳамкасбони ӯзбеки худро меомӯзанд.
Аз намояндагии Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳайати Тоҷикистон аз раҳбарон ва намояндагони 17 корхонаи нассоҷиву дӯзандагӣ, ду ширкати консалтингӣ, ду донишгоҳ, Палатаи савдо ва саноат, Иттифоқи рушди бахши хусусӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иборат аст.
«Ҳайати мазкур дар ин сафар вазъи феълии саноати нассоҷиву дӯзандагии Ӯзбекистонро омӯхта, ҳамчунин роҳандозии робитаҳои мустақими тиҷоратиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд»,- афзуд манбаъ.
Сафари мазкур дар доираи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагии Маркази тиҷорати байналмилалӣ (GTEX) муштаракан аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, Иттиҳодияи «Узтекстилпром», ширкатҳои консалтингии тоҷикистонии «ACT Development Group» ва «Business Consulting Group» созмон дода шуда, аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мегардад. Ҳайат аз корхонаҳои пешсафи нассоҷӣ ва дӯзандагии шаҳру вилояти Тошканд, донишгоҳ, иттиҳодияи тиҷоратӣ ва марказҳои фурӯши либос боздид намуда, бо ҳамтоёни ӯзбек дурнамои ҳамкориро баррасӣ мекунад. Интизор меравад, ки зимни сафар санади ҳамкорӣ ба имзо расад.
Роҳбари дафтари Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон Саидмӯъмин Камолов иброз дошт, ки саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Ӯзбекистон соҳаи муҳими содиротӣ маҳсуб шуда, рушди босуръат дорад. Ӯзбекистон аз нигоҳи тавлидоти пахта дар қатори 10 кишвари аввали ҷаҳон қарор гирифта, ҳоло асосан риштаи пахтагинро ба кишварҳои хориҷӣ мефӯрушад, ки 60 фоизи содироти умумии маҳсулоти нассоҷии ин кишварро ташкил медиҳад.Ӯзбекистон дар доираи ислоҳоти нави иқтисодӣ нақша дорад, то аз содироти маҳсулоти хом ё нимтайёр, зина ба зина ба содироти маҳсулоти тайёр гузарад.
С.Камолов ҳамчунин афзуд, ки мо аз таҳаввулоти нав дар муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон хушҳолем, “зеро он имкон дод, ки мо сафари ҳайати нассоҷони тоҷикро ба кишвари ҳамсоя ташкил намуда, аз таҷрибаи пешқадами онҳо омӯзем”. Номбурда илова кард, ки ин сафар барои намояндагони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон боманфиат буда, дари бозори навро ба рӯи ширкатҳои Тоҷикистон боз карда, имкони барқарор сохтани робитаҳои самарабахшро фароҳам меорад.
Ҳайати Тоҷикистон бо фаъолияти ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Ӯзбекистон, ҳамчунин, бо фазои корӣ ва равандҳои соҳибкорӣ дар кишвари ҳамсоя ошно хоҳад шуд. Ин сафар ба иттиҳодияҳои соҳавӣ ва ниҳодҳои дигари ёрирасони тиҷоратӣ, донишгоҳҳо ва ширкатҳои ҳар ду кишвар имкон медиҳад, то тамосҳои мустақим барқарор кунанд ва имконияти ҳамкории дуҷониба- роҳандозии корхонаҳои муштаракро баррасӣ намоянд.









Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад






