НАТИҶАИ ТАШХИС: 10 нафарро бо ВНМО сироят кардани як зан исбот нашуд

Август 9, 2018 12:05

ДУШАНБЕ, 09.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тайи чан рӯзи охир дар сархати расонаҳои дохилию хориҷӣ,  шабакаҳои иҷтимоӣ ва миёни  мардум сару садоҳои зиёд атрофии гӯё  бо  ВНМО/БПНМ (ВИЧ/СПИД) сироят ёфтани чанд нафар ба мушоҳида мерасанд. Мавзӯи асосии ин баҳсу мунозира он аст, ки як марди гирифтори ин беморӣ гӯё ҳамсари худро  низ олудаи  ин вирус кардааст  ва ё ин як зани сироятёфта  қасдан чанд марди дигарро  мубталои ин беморӣ гардонидааст.

Ғайр аз ин, чанде пеш дар ВАО оид ба як зани тоҷик аз ноҳияи Шаҳритус, ки гӯё барқасдона ба паҳн кардани бемории ВИЧ/СПИД равонаи зиндон шудаст, маводҳои  гуногун чоп шуда буданд.

Бо иттилои баъзе аз ВАО, зан ба он муттаҳам аст, ки бо вуҷуди донистани он, ки ба ин беморӣ сироят ёфтааст,  бо чанд мард алоқаи ҷинсӣ   доштааст.

Мухбири АМИТ «Ховар» оид ба  ин қазия бо муовини Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди Вируси норасоии масъунияти одам ВНМО (ВИЧ) Дилшод САЙБУРҲОНОВ  ҳамсуҳбат гардид.

Ба гуфтаи  номбурда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе, ки гирифтори ВНМО аст ва шахсе, ки дидаву дониста нафари дигарро ба ин беморӣ мубтало месозад, ба муҷозот кашида мешавад.

Дар  қонунгузории соҳаи тандурустӣ, кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва  ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба ин масъала моддаҳои алоҳида мавҷуданд.  Тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  агар нафаре дидаву дониста шахси дигарро зери хатари сироятёбӣ гузорад,    инчунин тибқи банди дигари ин Кодекс  дидаю дониста сироятнок кунад, ба андозаҳои гуногун   ҷарима карда мешавад.   Вале дар моддаи 125-и Кодекси ҷиноятӣ омадааст, ки агар шахс ягон нафари дигарро дидаву дониста  гирифтори ин сироят кунад, ҳатто  аз озодӣ маҳрум карда мешавад.

«Мо нисбат ба ҳолате, ки дар ноҳияи Шаҳритус ба амал омад, таҳлилҳо гузаронидем. Натиҷаҳо нишон дод, ки ин зан бо ВНМО таи чанд сол зиндагӣ мекунад. Аз ҳолати сироятнок будани худ   огоҳ аст. Таҳти назорати диспансерӣ қарор дошт ва новобаста аз ин саломатии дигар нафаронро таҳти хатар гузошт. Яъне, номбурда бо расонидани хизматҳои шаҳвонии тиҷоратӣ машғул будааст»,- зикр намуд Д.Сайбурҳонов.

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, тибқи банди 1 моддаи 125-и Кодекси ҷиноятии ҶТ, ҳолати мазкур ҳамчун ҷиноят арзёбӣ мегардад. Аз ин сабаб зане, ки дар боло гуфтем, тибқи қонунгузории имрӯзаи мамлакат ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд.

«Таҳлилҳо нишон доданд, ки ягон нафар аз мардони бо ӯ  дар алоқабуда сироят наёфтаанд ва ҳангоми ташхиси имуноферментӣ сироятнок будани онҳо низ исбот нашуд. Новобаста аз ин  шахсони номбурда таҳти назорат қарор доранд»,-илова намуд Д.Сайбурҳонов.

«Бояд зикр намуд, ки ин зан ҳангоми алоқаи зич доштан бо мардон қоидаҳои эмин мондан аз сироятёбиро риоя кардааст. Яъне  ӯ зери табобати доимӣ қарор дошта, воситаҳои дорувориро мунтазам истифода менамудааст. Дар сурате, ки шахс аз табобат бархӯрдор аст ва сарбории вирусӣ паст аст, хатари интиқол то ба сифр кам мешавад. Илми ҷаҳонӣ исбот намудааст, ки дар сурати паст шудани сарбории вирусӣ интиқол умуман сурат намегирад»,-гуфт ҳамсуҳбат.

Тибқи иттилои Ассотсиатсияи байналмилалии тандурустӣ, дар ҷаҳон  беш аз 42 миллион нафар мубталои ВНМО мебошад, ки ин рақам ҳар рӯз аз 14 то 15 ҳазор зиёд шуда истодааст. Аксарияти одамони гирифтори ВНМО ҷавонони синни то 30-сола мебошанд. Дар давоми 25 соли охир БПНМ (СПИД) боиси марги 25 миллион нафар шудааст.

Гарчанде  пайдоиши ВНМО дар Тоҷикистон соли 1991 ба қайд гирифта шуда бошад ҳам, вале ин маризӣ ё худ ин вабои замон дар ин муддати начандон тӯлонӣ, яъне то ба имрӯз садҳо нафарро  сироят намудаву даҳҳо нафарро қурбон сохтааст.

Бино ба иттилои номбурда,  аз соли 1991  то моҳи майи соли равон  шумораи умумии сироятёфтагони ВНМО дар ҷумҳурӣ то 10 ҳазору 277 ҳодисаро ташкил додааст. Аз ин шумора 2 ҳазору 450 нафарашон фавтидаанд ва 7 ҳазору 827 нафари дигар сироятёфта мебошанд, ки аз ин шумора 66,5 дарсадро мардон ва 35,5 дарсади дигарро занон ташкил медиҳанд.

 

Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

 

Август 9, 2018 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд
Масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ баррасӣ шуд
Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт
«Амонатбонк» меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад