НИШАСТИ МАТБУОТӢ: Дар Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба беш аз 10 млрд. сомонӣ расонида шуд
ДУШАНБЕ, 01.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи аввали соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беш аз 10 млрд. сомонӣ расида, суръати афзоиш дар миқёси ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 116,9% баробар гардид.
Дар ин бора Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи Шавкат Бобозода, дар ин давра дар таркиби маҳсулоти саноатӣ ҳиссаи саноати маъдан 27,3, электроэнергетика 21,8, саноати хӯрокворӣ 20,3, саноати мошинсозӣ 10,6, масолеҳи сохтмон 10,5, саноати сабук якҷоя бо корхонаҳои пахтатозакунӣ 7,4, саноати ангишт 0,9 ва нафту газ бошад 0,5 фисадро ташкил дод.
Зикр карда шуд, ки афзоиши ҳаҷми истеҳсоли 25 номгӯи асосии маҳсулоти соҳаи хӯрокворӣ барзиёд таъмин гардида, аз рӯи гурӯҳи молҳои саноатӣ суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида беш аз сад фоизро ташкил медиҳад.
«Дар ин давра ба ҷумҳурӣ 511,5 ҳазор тонна гандум ворид гардида, ҳиссаи орди ватанӣ бошад, дар таъмини бозори истеъмолии кишвар ба 95,8 фоиз расонида шуд, ки нишондоди баландтарин дар таърихи соҳаи коркарди ғалла буда, дастоварди назарраси соҳа дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда мебошад»,-афзуд Ш. Бобозода.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






