НИШАСТИ МАТБУОТӢ: Робитаҳои тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав баромаданд

Август 3, 2018 10:32

ДУШАНБЕ, 03.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Робитаҳои тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав баромаданд ва барои густариш додани муносибатҳо миёни субъектҳои ҳарду ҷониб тамоми имкониятҳо мавҷуданд. Дар ин бора имрӯз, 3 август Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар нишаст зикр шуд, ки сафарҳои ояндаи сатҳи олӣ имконият медиҳанд, ки дар ин раванд пешравиҳо таъмин гарданд. «Мо ният дорем, ки гардиши савдои хориҷии байни ду давлатро ба як миллиард  доллари америкоӣ расонем, ки ин албатта вақт талаб мекунад»,-илова намуд Неъматулло Ҳикматуллозода.

Ба иттилои Вазири рушди иқтисод ва савдо,  тибқи  нишондиҳандаҳои нимсолаи аввали соли равон гардиши савдои хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба 128,3 миллион доллари америкоӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 69, 7 миллион доллари америкоӣ зиёд мебошад.

Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ содироти мол аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон 75 миллион доллар ва воридот аз ин давлат 53,3 миллион долларро ташкил намуд, ки тавозуни савдо аз ҷониби Тоҷикистон 21,7 миллион доллар   мусбӣ арзёбӣ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ба масъалаи густариши гардиши савдо байни ду давлати ба ҳам дӯст зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқоти ӯ бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати махсус зоҳир карда шуд.

Август 3, 2018 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад