ОБУ ҲАВО: Ҳавои чангу ғуборолуд 5 рӯзи дигар боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 16.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз 17 то 18 август дар бештари минтақаҳои ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ, шаҳри Душанбе чангу ғубор ба амал омада, вазиши сахти шамол аз 13-18 то 17-20 метр дар як сония дар назар дошта шудааст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Ба иттилои манбаъ, дар ин муддат дар ноҳиҳои кӯҳӣ боридани борон низ пешгӯӣ шуда, дар водиҳо то 21 август чангу ғубор боқӣ мемонад.
Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 13+18, рӯзона 28-33 ва дар шарқи ин вилоят шабона 4+9 ва рӯзона +17+22 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самт ғарб 10-15 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +17+22 ва рӯзона +32+37 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, дар базе ҷойҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +34 + 39 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, шабона +17 +22 ва рӯзона +33+38 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш пешгӯӣ карда шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шабона +18+23 ва рӯзона +36+38 дараҷа гарм мешавад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






