ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Душанбе ҳавои софу беғубор дар назар аст
ДУШАНБЕ, 04.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, ҳарорати шабона муътадил боқӣ мемонад ва рӯзона ҳарорат нисбат ба рӯзҳои қаблӣ 1-2 дараҷа баланд мегардад. Ин гуна вазъи обу ҳаво то 7 август идома хоҳад ёфт.
Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, ҳаво дар водиҳо шабона +18+23 ва рӯзона +35+40 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, шабона +12+17 ва рӯзона +28+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои софу беғубор пешгӯӣ шуда, ҳаво дар водиҳо шабона +18+23 ва рӯзона +35 + 40 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, шабона +15 +20ва рӯзона +34+39 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво софу беғубор шуда, шабона +16+18 ва рӯзона +37+39 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






