ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 2 дараҷа паст мешавад
ДУШАНБЕ, 24.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, ҳарорат нисбат ба рӯзҳои қаблӣ то 2 дараҷа паст мефарояд. Ҳарорат рӯзона 30-35 ва шабона 18-23 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 11+16, рӯзона 25-30 ва дар шарқи ин вилоят шабона 2+7 ва рӯзона +17+22 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +15+20 ва рӯзона +30+35 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +18+23 ва рӯзона +30 + 35 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, дар баъзе ҷойҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шабона +15 +20 ва рӯзона +30+35 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш пешгӯӣ карда шуда, шабона +17+19 ва рӯзона +32+34 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






