ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри тағйирёбанда дар назар аст
ДУШАНБЕ, 02.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат нисбат ба рӯзҳои қаблӣ то 1-2 дараҷа паст мешавад.
Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, ҳаво дар водиҳо шабона +18+23 ва рӯзона +32+37 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, шабона +12+17 ва рӯзона +25+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои софу беғубор пешгӯӣ шуда, ҳаво дар водиҳо шабона +18+23 ва рӯзона +34 + 39 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, шабона 15+20 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, шабона +16+18 ва рӯзона +34+36 дараҷа гарм мешавад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






