ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои софу беғубор дар назар аст

Август 31, 2018 08:31

ДУШАНБЕ, 31.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳаво софу беғубор буда, ҳарорати шабона нисбат ба рӯзҳои қаблӣ то 2 дараҷа паст мефарояд. Ин гуна вазъи обу ҳаво то охири ҳафта идома хоҳад ёфт. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 8+13, рӯзона 27-32 ва дар шарқи ин вилоят шабона 2-3 ва рӯзона +16+21 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +12+17 ва рӯзона +27+32 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво cофу беғубор пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +14+19 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, шабона +12 +17 ва рӯзона +30+35 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво софу беғубор пешгӯӣ карда шуда, шабона +14+16 ва рӯзона +32+34 дараҷа гарм мешавад.

Август 31, 2018 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад