ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи абрӣ ва боронӣ дар назар аст

Август 17, 2018 08:10

ДУШАНБЕ, 17.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар бештари ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат нисбат ба рӯзҳои қаблӣ муътадил боқӣ мемонад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар ғарби вилоят шабона 15+20, рӯзона 27-32 ва дар шарқи  ин вилоят   шабона  3+8 ва рӯзона +14+19 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда,  дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +18+23 ва рӯзона +30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, шамол аз самти ғарб 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +21+26 ва рӯзона +33 + 38 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва раъду барқ пешбинӣ мешавад. Шабона +17 +22 ва рӯзона +32+37 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш пешгӯӣ карда шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шабона +18+20 ва рӯзона +34+36 дараҷа гарм мешавад.

Август 17, 2018 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад