ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ДУШАНБЕ, 23.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, дар бештари ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорати рӯзона 30-35 дараҷа гашта, вазиши шамол аз самти ғарб 10-15 метр дар як сония мерасад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар базе ҷойҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Дар ғарби вилоят шабона 14+19, рӯзона 28-33 ва дар шарқи ин вилоят шабона 3+8 ва рӯзона +17+22 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +17+22 ва рӯзона +30+35 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +19+24 ва рӯзона +32 + 37 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, шабона +15 +20 ва рӯзона +30+35 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш пешгӯӣ карда шуда, шабона +17+19 ва рӯзона +32+34 дараҷа гарм мешавад.








«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






