ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон боридани борон ва раъду барқ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 13.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, дар бештари ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.
Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар ғарби вилоят шабона 14+19, рӯзона 26-31 ва дар шарқи ин вилоят шабона 1+6 ва рӯзона +21+26 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон борида, ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ то 15 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +16+21 ва рӯзона +31+36 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, ҳаво дар водиҳо шабона +22+27 ва рӯзона +33 + 38 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шабона +16 +21 ва рӯзона +34+39 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш пешгӯӣ карда шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шабона +16+18 ва рӯзона +34+36 дараҷа гарм мешавад.








«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






