ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон гармӣ ба 39 дараҷа мерасад

Август 1, 2018 08:13

ДУШАНБЕ, 01.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар бештари ноҳияҳо ҳарорат ба 34-39 дараҷа мерасад. 

Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона +17+22 ва рӯзона +32+37 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, шабона +11+16 ва рӯзона +25+30 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои софу беғубор пешгӯӣ шуда, ҳаво дар водиҳо шабона +18+23 ва рӯзона +34 + 39 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок гашта, шабона 16+21 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво софу беғубор шуда, шабона +17+19 ва рӯзона +34+36 дараҷа гарм мешавад.

Август 1, 2018 08:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд