ОБУ ҲАВО: рӯзҳои истироҳатӣ дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ чангу ғубор ба амал меояд

Август 18, 2018 08:46

ДУШАНБЕ, 18.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои истироҳатӣ дар бештари ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат нисбат ба рӯзҳои қаблӣ муътадил боқӣ монда, чангу ғубор ба амал меояд. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар ғарби вилоят шабона 14+19, рӯзона 27-32 ва дар шарқи  ин вилоят   шабона  3+8 ва рӯзона +15+20 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +18+23 ва рӯзона +32+37 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона +18+23 ва рӯзона +33 + 38 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва раъду барқ пешбинӣ мешавад. Шабона +15 +20 ва рӯзона +31+36 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш пешгӯӣ шуда, чангу ғубор ба амал меояд. Шабона +16+18 ва рӯзона +33+35 дараҷа гарм мешавад.

 

 

Август 18, 2018 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, Давлати Қатар, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент бино ва синфхонаҳои иловагӣ сохта мешавад