ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мусобиқа оид ба теннис шоми имрӯз ифтитоҳ мегардад

Август 23, 2018 10:09

ДУШАНБЕ, 23.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз, 23 август соати 18:00 дар  Қасри тенниси тобистона, воқеъ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе   мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон ва ҷавонон барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз  мегардад.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мусобиқаи мазкур иштироки варзишгарон аз кишварҳои Америка, Афғонистон, Покистон, Бангладеш, Қазоқистон, Россия, Ӯзбекистон ва Украина  дар назар дошта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, мусобиқа аз  23 то  27 августи соли  равон  доир  мегардад. Дар  мусобиқаи мазкур   барои  ғолибони ҷои аввал ба духтарон ва писарон 10 000 сомонӣ, ҷои дуюм 8 000 сомонӣ ва ҷои сеюм 5 000 сомонӣ мукофот пешбинӣ шудааст.

Мавриди зикр аст, ки cоли нӯҳум аст дар замони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Душанбе бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки варзишгарон аз давлатҳои хориҷӣ баргузор мегардад.

Баргузории ин чорабинии муҳим инъикоскунандаи рамзи муттаҳидӣ, ягонагӣ ва дӯстӣ миёни мардумон мебошад.

 

 

Август 23, 2018 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад