Пагоҳ дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 23.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 24 август дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ҳоло дар пойтахти мамлакат ҷаласаи коршиносони Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ, ки дирӯз, 22 август ба кори худ оғоз бахшида буд, ҷараён дорад.
Дар ҷаласаи мазкур намояндагони мақомоти андози Тоҷикистон, Россия, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Беларус ва Озорбойҷон иштирок намуда, масъалаҳои маъмурикунонии андоз дар давраи иқтисоди рақамӣ, табодули маълумот байни кишварҳои ИДМ ва дигар масъалаҳои соҳаи андозро муҳокима менамоянд.
Дар назар аст, ки иштирокдорони ҷаласа аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии шаҳри Душанбе -«Кохи Наврӯз» ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал оранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






