Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ходимони давлатию ҷамъиятӣ, намояндагони фарҳанг, илм ва тандурустии Тоҷикистонро бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонид

Август 30, 2018 10:05

ДУШАНБЕ, 30.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо фармоне аз 29 август як қатор ходимони давлатию ҷамъиятӣ, намояндагони фарҳанг, илм ва тандурустии Тоҷикистонро бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонид. Дар ин бора Агентии миллии Ӯзбекистон «УзА» хабар медиҳад.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Вазири корҳои хориҷии ҶТ Сироҷиддин Муҳриддин бо ордени «Фидокорона хизматлари учун» («Барои хизматҳои фидокорона») сарфароз гардонида шуданд.

Низом Қосим – Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Тошпӯлод Гулмуродов – мудири кафедраи кардиохирургияи Донишкадаи таҳсили баъдидипломӣ дар соҳаи тандурустӣ бо ордени  «Меҳнат шуҳрати» қадршиносӣ шуданд.

Бо ордени «Дустлик» («Дӯстӣ») Алӣ Муҳамадиев — мудири шуъбаи Фонди мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон, Ифтихор  Ҷӯраев — сардори Раёсати бозрасии назорати давлатии геодезӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳим Марупов — сарходими Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови АИ Тоҷикистон ва Ҳасан Бердиқулов — узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон сарфарозонида шуданд.

Адҳам Холиқов — роҳбари бадеии Муассисаи давлатии «Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ» ва Давлатманд Холов — роҳбари бадеии ансамбли давлатии «Фалак»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони фахрии «Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» қадрдонӣ шуданд.

«Мукофотҳо «барои саҳми сазовор дар таҳкими робитаҳои бисёрасраи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни халқҳои бародари Ӯзбекистону Тоҷикистон, фаъолиятҳои самарабахш ҷиҳати тавсеаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, ҳифз ва такмили мероси таърихии умумӣ, арзишҳои  маънавӣ ва анъанаҳо, хизмати шоиста дар рушди ҳамкории мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ ва шарикии стратегии кишварҳои мо» сарфароз гардонида шуданд», — омадааст дар сомонаи «УзА».

Август 30, 2018 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд