ПУШАЙМОНӢ НАДОРАД ОҚИБАТ СУД! – намоиши филми «Решаҳои ноаён» дар шаҳри Бохтар
ДУШАНБЕ, 06.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар филми мустанади «Решаҳои ноаён», ки дар он фаъолият ва ҳадафҳои муғризонаи ташкилоти экстремистии террористии Ҳизби наҳзат инъикос гардидааст, ба доираи васеи ҷавонон намоиш дода шуд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин амал бо мақсади огоҳӣ ёфтани аҳолӣ, бахусус ҷавонон аз нақшаҳои фитнаангези ҳизби террористӣ- экстремистии наҳзат ва ба доми ин сиёҳкорон наафтидани онҳо роҳандозӣ гардид.
Филми мазкур бори дигар симои аслии хоинони Тоҷикистонро, ки бо фармон ва дастгирии молиявии хоҷагони хориҷии худ мехоҳанд, ки пойдории сулҳу субот ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро рахна созанд, бараъло нишон медиҳад.
Баъди тамошои филми мазкур ва шунидани пушаймонии нафарони фиребхӯрда байни ҷавонон мубодилаи афкор ба вуҷуд омад. Ҷавонон ба хулосаи зарурӣ омада, аз ҷумла, иброз доштанд, ки ба ҳар гуна иғвою бӯҳтонҳои ғаразноки наҳзатиён бовар накарда, дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, баҳри ҳифзи ободию осудагии Ватан ҳамеша омода ҳастанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






