РӮШОН: корҳои сохтмонӣ дар бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №9 бомаром ҷараён доранд
ДУШАНБЕ, 27.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшон бунёди иншооти гуногуни аҳамияти иҷтимоиву иқтисодидошта, аз қабили мактабу кӯдакистонҳо, маркази саломативу беморхонаҳо, коргоҳҳои истеҳсолӣ, кошонаи ҳусн, чойхона, таъмиру таҷдиди роҳҳо ва ғайра бомаром идома дорад. Бинои нави муассисаи таълимии рақами 9, аз ҷумлаи иншоотест, ки бо харҷи 15 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, сохтмони бинои мактаб бо супориши бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2017 оғоз гардида, дар арафаи соли хониши 2019 мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Ба нақли манбаъ, ин мактаби замонавӣ барои 640 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, он аз ду бинои дуошёна ва як сеошёна иборат мебошад. Ин биноҳо фарогири синфхонаҳои барҳаво, озмоишгоҳ, китобхонаи электронӣ, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ, ошхона ва низоми марказонидаи гармидиҳӣ хоҳад буд.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Евро-строй Т», ки сохтмони бинои мактабро бар ӯҳда дорад, бо ҷалби 36 нафар коргарон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ корҳои сохтмониро дар иншооти таълимӣ пеш мебаранд. Онҳо ҷаҳду талош доранд, ки корҳои сохтмониро бо сифати баланд то муҳлати муайянгардида ба анҷом расонанд.
Мавриди зикр аст, ки бинои кӯҳнаи таълимгоҳ 50 сол қабл сохта шуда, ба низоми таълими муосир ҷавобгӯ набуд.









Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






