Рӯзноманигорони Ӯзбекистон аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан карданд
ДУШАНБЕ, 09.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи 13-нафараи рӯзноманигорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки шоми дирӯз ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, субҳи имрӯз, 9 август аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан карданд.
Рӯзноманигоронро дар саҳни Китобхонаи миллӣ роҳбарият ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо нону намак истиқбол гирифтанд.
Сипас, онҳо аз ин махзани илму маърифат тамошо карда, бо дастовардҳои илму дониши Тоҷикистон ошно шуданд.
Муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик» Тоҷибой Икромов аз боздиди Китобхонаи миллии Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ намуда, зикр кард, ки бинои Китобхона бо санъати баланди миллӣ бунёд шудааст ва аз ганҷинаҳои шукӯҳманди миллати тоҷик маҳсуб меёбад.
Ҳамсуҳбати мо гуфт: «Пас аз солҳо мо Тоҷикистонро як кишвари ободу зебо ва бо ганҷинаҳои шукӯҳманд дарёфтем. Бахусус, Китобхонаи миллӣ бо санъати баланд сохта шуда, дар он беҳтарин осори гузашта ва имрӯзаи мардуми тоҷик, бузургону донишмандон маҳфуз аст, ки барои ҷавонону муштоқони илму фарҳанг беҳтарин туҳфа аст».
Рӯзноманигорони ӯзбек на танҳо бо таассуроти зиёд аз Китобхона берун шуданд, балки барои ҳар яке аз онҳо дар бораи ин махзани дониш маълумотномаҳо дар бораи Китобхона туҳфа карда шуд.
Тибқи барнома, гурӯҳи рӯзноманигорони ӯзбек аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, боғҳои фарҳангию фароғатии С. Айнӣ ва «Хайём» низ дидан хоҳанд кард.
Ҳамчунин, имрӯз вохӯрии гурӯҳи рӯзноманигорони ӯзбек бо ҳамтоёни тоҷикашон дар «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» дар назар аст.
Гурӯҳи 13-нафараи рӯзноманигорони ӯзбек фардо, 10 август ба вилояти Хатлон сафар хоҳанд кард.
Рӯзи гузашта ин гурӯҳ вориди шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд шуда, вохӯриву мулоқотҳо доир намуданд. Ҳамчунин, аз навоҳии Бӯстон, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Шаҳристон ва Панҷакент боздид ба амал оварданд.
Ёдовар мешавем, ки ба ин гурӯҳ раиси Маркази фарҳангии миллии тоҷикони Ӯзбекистон «Ориёно» ва хабарнигори шабакаи телевизионии Ӯзбекистон Шарофат Эрматова, муаллифи филми мустанади «Зери осмони ягона» Ҷасур Исҳоқов, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Ҷумъа Ҳамроев, муҳаррири рӯзномаи «Ховар» Олим Ҷумъақулов, мудири шуъбаи Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон Нурулло Насриев, хабарнигори телевизиони «Ӯзбекистон- 24» Зебо Тӯхтаева ва дигарон шомил мебошанд.















Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад






