Рӯзноманигорони Ӯзбекистон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан карданд
ДУШАНБЕ, 09.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати хабарнигорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо таърих ва фарҳанги халқи тоҷик аз наздик ошноӣ пайдо карданд.
Тавре аз Осорхонаи миллӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, меҳмононро дар даромадгоҳи Осорхона роҳбарият ва дигар шахсони масъул истиқбол гирифтанд. Кормандони Осорхонаи миллӣ меҳмононро ба сайри тамошои осорхона даъват намуданд.
Меҳмонон тавассути толорҳои намоишии Осорхона бо давраҳои гуногуни таърихи халқи тоҷик: «Асри санг», «Фарҳанги Зардуштӣ», «Ҳахоманишиҳо», «Хазинаи Амударё», «Кушониён», «Сосониён», «Панҷакенти қадим», «Фарҳанги исломӣ», «Сомониён» ва толори «Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ошноӣ пайдо намуданд.
Дар сайри осорхонавӣ диққати меҳмононро бештар ёдгориҳои «Меҳроби Искодар» ва санги катибадори «Мирзо Бобур» ҷалб намуд.
Бояд зикр намуд, ки таваҷҷуҳи рӯзноманигорони Ӯзбекистон нисбат ба таърих ва фарҳанги халқи тоҷик зиёд буда, тавассути толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таърихи бою фарҳанги пурғановати халқи тоҷик аз наздик ошно гардиданд.
Ба иттилои манбаъ, баъд аз тамошои Осорхонаи миллии Тоҷикистон роҳбари ҳайати рӯзноманигорони ӯзбек чун анъана дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон андешаҳои худро дарҷ намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






