Рамазон Раҳимзода: «Ошкоршавии ҷиноят аз тақвият ёфтани ҳамкории милитсия бо мардум шаҳодат медиҳад»
ДУШАНБЕ, 03.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани иқтидори ҳамкории милитсия бо ҷомеа» бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, роҳбари Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе Туула Юрёля, кордори муваққатии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Кевин Коверт, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҷопон дар Тоҷикистон Хаджимэ Китаока ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ оғоз гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, чорабиниро Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ифтитоҳ намуда, оид ба ҳодисаҳои ба амал омадаи рӯзҳои охир сухан кард. «Дар тамоми ҷаҳон ба вуқӯъ омадани амалҳои террористию экстремистӣ ҳамаи моро водор месозад, ки муттаҳид шавем. Хушбахтона, ин ҷинояти мудҳиш дар муддати кӯтоҳ бо дастгирии ҷомеа ва мардум кушода шуд, ки ин аз тақвият ёфтани ҳамкории милитсия бо мардум шаҳодат медиҳад».
Дар идомаи мизи мудаввар Вазири корҳои дохилӣ доир ба амалисозии ислоҳоти милитсия бо дастгирии САҲА ва дигар шарикони иҷтимоӣ ва таъсис додани шӯроҳои ҷамъиятӣ дар назди ВКД ва РВКД-ҳо дар тамоми шаҳру вилоятҳо ибрози андеша намуд.
«Дуруст ба роҳ мондани раванди ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳамкории зичи милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб ёфта, яке аз маҳакҳои асосии ислоҳот ба шумор меравад»,-гуфт номбурда.
Дар кори мизи гирд аз 54 минтақаи ҷумҳурӣ аъзои 29 Шӯрои ҷамъиятӣ иштирок дошта, он давоми ду рӯз идома меёбад.








«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






