Раёсати Хадамоти гумрук дар вилояти Суғд қочоқи 3 миллион рубли русиро ошкор ва пешгирӣ намуд
ДУШАНБЕ, 23.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар хатсайри № 2956 самти «Хуҷанд-Екатеринбург» дар минтақаи назорати гумрукии Фурудгоҳи байналмилалии «Хуҷанд» мусофир Пӯлотов Фирдавс Давронҷоновичро аз муоинаи шахсӣ гузаронида, дар натиҷа дар бадани ӯ миёнбанди худсозро ошкор намуданд, ки дар он асъори хориҷӣ ба маблағи умумии 3 миллион рубли Россия дарёфт шуд.
Тавре аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, номбурда ин миқдор маблағро мехост тариқи пинҳонӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия интиқол диҳад.
Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Фирдавс Пӯлотов бо моддаҳои 32 қ 3 – 289 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






