Сӯҳроб Ҷӯраев: «Парвози нахустини ҳавопаймои «Сомон Эйр» дар масири Душанбе-Бухоро ба рушди сайёҳӣ мусоидат менамояд»

Август 8, 2018 11:09

ДУШАНБЕ, 08.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади рушд ва таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бахши интиқоли ҳавоӣ ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бори нахуст дар таърихи авиатсияи граждании Тоҷикистони соҳибистиқлол ба иҷрои парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Бухоро-Душанбе оғоз намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ширкати «Сомон Эйр» иттилоъ доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, парвози нахустин ба самти Бухоро 6 августи соли равон  иҷро гардида, шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон, роҳбарияти ширкати ҳавопаймоӣ, зиёиён ва гурӯҳи хабарнигорон аз зумраи мусофирони аввалини хатсайри мазкур  буданд.

Муовини аввали Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Сӯҳроб Ҷӯраев  зикр намуд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст.  «Сомон Эйр» бо иқдоми навбатии хеш талошҳои Сарвари давлатро бобати рушди бахши сайёҳӣ дастгирӣ менамояд. Бо ифтитоҳи хатсайр дар масири Душанбе ва шаҳри бостонии Бухоро  ширкати «Сомон Эйр»  дар таърихи муносиботи  ду кишвари ҳамҷавор саҳифаи наверо боз намуд.

«Умед дорем, ки ифтитоҳи хатсайри нав барои боз ҳам наздиктар шудани мардумони   кишварҳои ба ҳам дӯсту бародар заминаи устувор мегузорад», — афзуд Сӯҳроб Ҷӯраев.

Бояд тазаккур дод, ки  ҳайати ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»-ро дар фурудгоҳи шаҳри Бухоро бо нону намак  ва меҳмоннавозии шарқиёна истиқбол намуданд. Ҳавопаймои Боинг 737 тибқи анъана аз зери равоқи обӣ гузаронида шуд. Мусофирони хастайри аввалинро ҳайати расмии шаҳрдориву фурудгоҳи Бухоро ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ пешвоз гирифта,  онҳо аз мавзеъҳои таърихии Бухоро дидан намуданд. Парвозҳо дар масири  Душанбе-Бухоро-Душанбе ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе иҷро гардида, давомнокии парвоз 60 дақиқаро ташкил медиҳад.Қаблан ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр парвозҳоро дар хатсайри Душанбе-Тошканд-Душанбе  ба роҳ монда, парвозҳо ба пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон  шаҳри Тошканд рӯзҳои ҷумъа анҷом меёбад. Давомнокии парвоз дар ин масир 45 дақиқаро ташкил медиҳад.

Август 8, 2018 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад