САБЗ, ЗАРД, СУРХ. 5 август- Рӯзи умумиҷаҳонии чароғаки роҳнамо

Август 5, 2018 08:23

ДУШАНБЕ, 05.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. 5 август дар тамоми ҷаҳон ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии чароғаки роҳнамо (светофор) ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯзи соли 1914 дар шаҳри Кливленди Америка аввалин чароғаки  роҳнамои худкор насб гардидааст. Он рангҳои сурху сабз дошт ва ҳангоми тағйир ёфтани рангҳо садо (сигнал) медод…

Чароғаки роҳнамо- ин таҷҳизоте мебошад, ки  ҳаракати нақлиёту инсонро дар роҳ ба танзим медарорад. Он дар байни мардум ҳатто бо муаммои «сабз гузар, сурх ист!» низ маъмул мебошад.

Таърихи пайдоиши чароғаки роҳнамо ба соли 1868 рост меояд. Зеро маҳз 10 декабри соли 1868 аз ҷониби Ҷейм Найтоми британёвӣ аввалин чароғаки роҳнамо ихтироъ ва ҳамон сол дар шаҳри Лондон, дар назди бинои Парлумони Британияи Кабир насб карда шуд. Идоракунии он дастӣ анҷом дода мешуд,  ду ранг дошт ва шабона бо лампаҳои газии аз поён равшанидиҳанда кор мекард. Мутаассифона аввалҳои соли 1869 лампаи ин таҷҳизот таркид ва корманди милитсияе, ки онро идора мекард, маҷрӯҳ шуд. Баъди ин ҳодиса чароғаки роҳнамо наздик ба 50 сол ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт.

Соли 1910 Эрнст Сиррини Чикагоӣ аввалин чароғаки роҳнамои худкорро ихтироъ намуд. Ин таҷҳизоти муосир 5 августи соли 1914 дар шаҳри Кливленди Америка насб карда шуд, ки рангҳои сурху сабз дошт ва ҳангоми тағйир ёфтани рангҳо садо (сигнал) медод. Чароғаки роҳнамои серангае, ки имрӯз маъмулан дар ҳамаи шаҳрҳо мавриди истифода қарор дорад ва дар он лампаи зард низ насб гардидааст, соли 1920 дар шаҳри Ню-Йорк пайдо шудааст.

Тибқи маълумот, рангҳои чароғаки роҳнамое, ки солҳои аввали пайдош дар роҳҳо насб карда мешуд, баракс, аз боло ба поён: сабз, зард ва сурх ҷойгир буданд. Баъдан ба хотири он, ки ранги сурх аз дур аён гардад, ҷойҳои онҳоро иваз намуданд ва ҳоло аз боло ба поён: сурх, зард ва сабз ҷойгир шудаанд. Баъзан вақт чароғаки роҳнаморо ба таври уфуқӣ низ мегузоранд. Дар ин ҳолат аз чап ба рост: ранги сурх, зард ва сабз намудор мешавад.

То пайдоиши чароғаки роҳнамо кормандони милитсия дар чорроҳаҳо истода, ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардонро таъмин менамуданд.

«Ҳоло дар вақтҳои муваққатан аз кор мондани чароғаки роҳнамо чунин тадбирҳо андешида шуда, то бартараф кардани кабудии пайдошуда ҳаракт дар роҳ таъмин карда мешавад»,- иброз дошт сардори шуъбаи ташвиқоту тарғиботи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Наргисой Туйчиева дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар».

Чароғаки роҳнамо дар шаҳрҳо ва махсусан пойтахт аломати зарурии роҳ маҳсуб меёбад, зеро аҳолӣ ва нақлиёте, ки дар онҷо мавҷуданд, нисбатан бештаранд.

Дар қаламрави давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки Тоҷикистон низ ба он шомил буд, аввалин чароғаки роҳнамо 15 январи соли 1930 дар Ленинград насб карда шудааст. Баъдан 30 декабри ҳамон сол дар марказ, яъне шаҳри Москва ин аломати роҳ гузошта шудааст.

Ба иттилои полковники милитсия Наргисой Туйчиева, ҳоло дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 318 мавзеъ чароғаки роҳнамо насб гардидааст. Аз ин шумора 147 тояш дар шаҳри Душанбе мебошад, ки ба воситаи онҳо ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон ба танзим дароварда мешавад.

Бояд гуфт, ки имрӯз дар баъзе хиёбонҳои шаҳри Душанбе чароғакҳое мавҷуданд, ки худкор нестанд. Онҳо танҳо ҳангоми аз ҷониби роҳгузар пахш гардидани тугмача рангашонро тағйир медиҳанд.

Сардори шуъбаи ташвиқоту тарғиботи РБДА ВКД ҶТ полковники милитсия Наргисой Туйчиева дар идомаи суҳбат гуфт: «Масъалаи дар чароғаки роҳнамо истодани кӯдакону наврасон дар тамомеи ҷаҳон дар ҷои аввал меистад ва барои фаҳмондадиҳии онҳо чорабиниҳои гуногун гузаронида мешаванд. Масалан, дар Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, ҳамеша аз ҷониби мо масъулини соҳа ва муаллимону мураббиён корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда мешаванд».

Бо гузашти вақт гузаргоҳҳои зеризаминӣ пайдо шуданд, ки бештар дар чорроҳаҳо сохта мешаванд. Ин омил то андозае боиси таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон дар роҳҳо гардид. Бо вуҷуди он, ки дар шаҳри Душанбе чунин гузаргоҳҳо мавҷуданд, масъулин зиёдшавии нақлиёт, тамбашавиии зиёд ва таъмини бехатарӣ дар роҳро ба назар гирифта, тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Зимнан дар мамлакати мо меъёрҳои ҳуқуқӣ низ дар ин самт мавҷуданд, ки Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» аз зумраи онҳост.

Яке аз корҳои муҳиме, ки дар ин самт бомаром ҷараён дорад, сохтмони аввалин эстакадаи сесатҳа дар Тоҷикистон мебошад. Ин эстакада, ки дар буриши хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бунёд гардида истодааст, моҳи сентябри соли равон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни бузурги миллӣ — 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.

Бояд гуфт, ки лоиҳаи сохтмони ин эстакада дар доираи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ амалӣ гардида, паймонкори он Корпоратсияи роҳҳо ва кӯпрукҳои «Синдзян-Бейсин»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад. Сифати сохтмонро дар ин иншоот Ширкати машваратии «SAI»-и Ҳиндустон назорат мекунад.

Мавриди зикри хос аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 13 апрели соли равон бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳо дар ин иншоот ба маҳаллаи 82-юми пойтахт рафта, бо ҷараёни корҳои сохтмонии эстакада дар ин мавзеъ аз наздик шинос шуданд.

Тавре маълум гардид, корҳои асосии сохтмонӣ дар иншооти мазкур пурра ба итмом расида, алҳол мумфаршкунии қитъаҳои алоҳидаи роҳ, сохтмони истгоҳҳои замонавӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳои пиёдагард ва ободонии атроф  дар арафаи анҷом қарор доранд.

Бояд зикр кард, ки  бунёди чорсӯи нави 3-сатҳа имконият медиҳад, ки минбаъд ҳаракати нақлиёт дар ин масир бемамониат ба роҳ монда шавад. Дар сатҳи дуюми чорроҳаи мазкур роҳи давродаврӣ бунёд гардида, дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб як пул бо дарозии 125 метр сохта шудааст. Ҳамчунин дар доираи лоиҳаи мазкур 4 роҳи зеризаминӣ низ бунёд ёфтаанд, ки феълан таъмиру таҷҳизи онҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Бояд гуфт, ки  ин ягона кор дар самти таъмини ҳаракати нақлиёт набуда, ҳалқароҳи сесатҳаи навбатӣ дар чорроҳаи  буриши хиёбони Исмоили Сомонӣ ва хиёбони Абуалӣ Сино бунёд гардидаистодааст.

Ҳаёт гавҳари ноёб аст. Ба ин хотир барои инсоният таҷҳизоте лозим гардид, ки ҳаракати ӯ ва нақлиёташро таъмин намояд. Зеро ҳангоми набудани ин гуна таҷҳизот ва дар ҳолати ба як хатогӣ роҳ додаву аз ҷойи номуайяни роҳ убур карда гузаштан, боиси садама, бардоштани ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ ва дар аксар вақт ба ҳалокат расидани одамон мегардад.

Бино  ба иттилои масъулини Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ҶТ, дар нимсолаи аввали соли 2018 дар роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон 717 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. «Бар асари ин садамаҳо 211 нафар ба ҳалокат расида, 749 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд»,- гуфт Сардори шуъбаи ташвиқоту тарғиботи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Наргисой Туйчиева.

Ба гуфтаи номбурда, ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта камтар мебошад. «Соли 2017 725 садама рух дод, ки бар асари онҳо 244 нафар ба ҳалокат расида, 764 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Аз ин бар меояд, ки шумораи садаманокӣ 8 маротиба, шумораи ҳалокшудагон 33 ва маҷрӯҳшудагон 15 ҳодиса кам шудааст»,- илова намуд ҳамсуҳбати мо полковники милитсия Н. Туйчиева.

Тавре дар боло гуфтем, итоат накардан ба аломатҳои роҳ ва аз ҷойҳи номуайян убур карда гузаштани он боиси садама ва марги одамон мегардад.

Тибқи иттилои Раёсати БДА ВКД ҶТ, аз шумораи умумии садамаҳои дар шаш моҳи аввали соли равон рухдода 212 ададашон бо айби пиёдагардон ба вуқӯъ омадааст, ки бар асари онҳо 52 нафар ба ҳалокат расида, 171 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Дар Тоҷикистон шурӯъ аз боғчаи кӯдакон то давраи синфҳои поёнии мактабхонӣ аз ҷониби волидон, омӯзгорон ва масъулини соҳаи танзими ҳаракат дар роҳ ба кӯдакону наврасон корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда мешавад. Далели ин гуфтаҳо нишондиҳандаҳои боло мебошад, ки шумораи садама ва ҳалокати одамон нисбатан кам гардидааст.

Дар замони ҷаҳонишаӣ ва рушди техникаву технология, инчунин бо мақсади пешгирии вайронкунии ҳаракат дар роҳҳо ва рух додани ҳодисаҳои нохуш дар бархе аз шаҳро зарурат ба миён омад, ки камераҳои назоратӣ гузошта шаванд. Аз ҷумла дар мамлакати мо низ чунин тадбирҳо андешида шуда, дар амал татбиқ мешаванд. Аз соли 2013 инҷониб дар шаҳри Душанбе камераҳои назоратии «Шаҳри бехатар» насб гардиданд. Ҳоло дар 73 чорроҳа ин камераҳо шабонарӯзӣ қоидавайронкуниҳоро сабт мекунанд, ки ин тадбир боиси тадриҷан паст гардидани қоидавайронкунӣ дар роҳҳои пойтахт гардидааст.

Далели ин гуфта дар он аст, ки 2 майи соли равон муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Абдураҳмон Аламшозода дар Парлумони мамлакат зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», ки дар таҳрири нав қабул гардид, дар назди вакилон вобаста ба коҳиш ёфтани вазъи садаманокӣ дар пойтахт сухан карда, онро натиҷаи фаъолияти самараноки низоми худкори «Шаҳри бехатар» арзёбӣ намуд.

Дар соли гузашта ва се моҳи соли равон тавассути «Шаҳри бехатар» зиёда аз 300 ҳазор қоидавайронкунӣ ошкор ва ба буҷети ҷумҳурӣ 30 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст.

Ҳамзамон дар зарфи соли равон дар ҷумҳурӣ садамаҳои нақлиётӣ 4 фоиз ва шумораи ҷароҳатбардоштагон 6,6 фоиз кам гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки дар Тоҷикистон ба ҳар 10 ҳазор нафар аҳолӣ 1,6 ҳолати садамаи нақлиётӣ рост меояд. Ин омор дар Қазоқис­тон 9,9 ва дар Қирғизистон 9,4 ҳолатро ташкил медиҳад.

Тавре дар боло гуфтем, имрӯз — Рӯзи байналмилалии чароғаки роҳнамо аст. Дар охир якчанд далели ҷолибро манзури хонандагон мегардонем.

Азбаски чароғаки роҳнамо яке аз аломатҳои муҳим ва асоситарни танзими ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон мебошад, инро ба назар гирифта,  дар бархе аз шаҳрҳо пайкараи онро гузоштаанд.

Дар Япония якчанд даҳсола ба ҷои ранги сабз дар чароғакҳои роҳнамо ранги кабуд истифода бурда мешуд ва баъдан онро тағйир доданд.

Дар шаҳри Берлини Германия дар чароғаки роҳнамо тасвири кулоҳи одам ҷой дода шудааст. Ҳатто он номи махсуси худ – Ампелманро дошта, дар ин шаҳр ҳамчун армуғон фурӯхта мешавад.

Инчунин, дар ин шаҳр чароғакҳои роҳнамое мавҷуданд, ки натанҳо се ранг доранд, балки дар онҳо сенздаҳ аломат мавҷуд аст ва итоат кардан ба онҳj ҳам ба пиёдагардон ва ҳам ба ронандагон мушкил мебошад.

Дар Кореяи Шимолӣ чароғаки роҳнамо даҳсолаҳои охир пайдо шуд ва то он дам ин нақшро духтарони танзимкунанда мебозиданд. Ин шакл дар ягон мамлакати олам набуд ва нест. Барои ҳамин кореягиҳо занонро ба ин кор муваззаф намудаанд ва онро ҳамчун дастоварди Кореяи Шимолӣ медонанд.

Айни замон стандарти ягонаи байналмилалии чароғаки роҳнамо мавҷуд нест. Масалан, дар чароғаки роҳнамое, ки дар Белгия аст, аз чароғаки дар Нидерландия буда тамоман фарқ мекунад.

Қатори боло чароғаки роҳнамои нақлиётӣ дар Нидерландия ва қатори поён дар Белгия

 

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»

Август 5, 2018 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Хонандагони муассисаҳои таълимии Норак дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 35 медал шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд
Бар асари гармои шадид дар Бангладеш 10 нафар ҳалок шуд
Дар Кения бар асари пайомадҳои обхезӣ дар як моҳ беш аз 160 нафар ба ҳалокат расид
МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии парапланеристонро дар Данғара дастгирӣ намуд
Дар ноҳияи Ховалинг дар 8 гектар боғи хуч бунёд карда шуд
Тоҷикистон ва Индонезия чорабиниҳои дарпешистода дар соҳаи дипломатияи обиро баррасӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бо вакилон вохӯрӣ баргузор гардид
Бо фаъолону сокинони Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон вохӯрии судманд доир гардид
Доир ба истифодаи самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ машғулияти такмили ихтисос оғоз ёфт