САДАМА. Амалиёти наҷотдиҳӣ идома дорад, то ҳол 5 кӯҳнавард ва як сарнишин наҷот дода шуданд

Август 13, 2018 15:03

ДУШАНБЕ, 13.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар мавзеи суқути чархбол дар ноҳияи Лахш амалиёти наҷотбахшӣ оғоз гардида, то ин лаҳза 6 нафар – 5 кӯҳнавард ва як нафар сарнишини чархбол  ба маркази ноҳия интиқол дода шуданд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Умеда Юсуфӣ иттилоъ дод. «Саломатии наҷотёфтагон хуб буда, онҳо мустақилона ба чархбол савор шуда, аз он фаромадаанд», -гуфт номбурда.

Қаблан иттилоъ дода шуд, ки пас аз барқарор намудани алоқа бо кӯҳнавардон макони суқути чархбол муайян карда шуд ва барои наҷоти онҳо аз фурудгоҳи ноҳияи Лахш чархболҳо бо наҷотдиҳандагон сафарбар гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки 12 август, тақрибан соати 16:30 дар қисми шарқии Тоҷикистон, дар ҳудуди ноҳияи Лахш чархболи МИ-8 бо 13 нафар кӯҳнавард ва 3 сарнишин нишасти дурушт (жесткая посадка) анҷом додааст.

Чархболи МИ-8 бо 13 нафар кӯҳнавардон ва се сарнишини чахбол  ҳангоми бозгашт аз қуллаи Исмоили Сомонӣ дар поёноби пиряхи Фортамбек, ҳудуди ноҳияи Лахш ба садама дучор шудааст.

Ба иттилои манбаъ, барои мушаххас намудани сабабҳои сар задани ҳодисаи мазкур аз ҳисоби роҳбарони КДАМ, ВКД, КҲФ, Вазорати мудофиа ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  комиссияи ҳукуматӣ ташкил шуда, ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардидаанд. Инчунин, субҳи имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба макони садама ду чархбол бо наҷотдиҳандагону табибон фиристодааст. Ҷараёни амалиёти наҷотдиҳии кӯҳнавардон   ва таҳқиқи сабабу омилҳои ҳодисаи  баамаломадаро  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан зери назорат гирифтаанд.

Хотиррасон менамоем, садама дар ҳоле рух додааст, ки кӯҳнавардон баъди фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ ба қароргоҳашон бармегаштанд.

Август 13, 2018 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад