Сафари гурӯҳи рӯзноманигорони Ӯзбекиcтон ба вилояти Хатлон
ДУШАНБЕ, 07.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. 10 август як гурӯҳ рӯзноманигорон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меоранд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, рӯзноманигорони Ӯзбекистон зимни сафар ба маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар ва навоҳии Данғараву Муъминобод сафар намуда, аз мавзеъҳои сайёҳӣ, таърихиву фарҳанги шаҳру навоҳии номбурда дидан намуда, бо иштироки онҳо мулоқотҳо барпо мегарданд. Шиносоии ҳайати рӯзноманигорони Ӯзбекистон ду рӯз идома меёбад.
Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз 7 август гурӯҳи рӯзноманигорон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, аз мавзеъҳои таърихии минтақаи иқтисодии вилояти Суғд дидан намуда, ҳамзамон аз шаҳру навоҳии Бӯстон, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Шаҳристон, Панҷакент ва Душанбе боздид ба амал меоранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






