Сафари пурсамари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Озарбойҷон ва натиҷаҳои он,– шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Август 16, 2018 16:11

ДУШАНБЕ, 16.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сархати матбуоти даврии ҳафтаи сипаригаштаи тоҷикро ташкил медиҳад. Расонаҳои Тоҷикистон шурӯъ аз маросими истиқболи расмӣ то мулоқоту музокироти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Октай Асадов ва Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Наврӯз Исмоил оғлу Мамедов, маросими гучанбаргузорӣ дар оромгоҳи Роҳбари умумимиллии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев ва ҳамсари ӯ Зарифа Алиева ва Изҳороти муштараки матбуотии роҳбарони ду давлатро ба таври васеъ инъикос намудаанд.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» (13.08.2018, №159) ин шумораи худро ба инъикоси сафари расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Озарбойҷон бахшида, зери сарлавҳаи «Мулоқоту музокироти сатҳи баланди Тоҷикистон ва Озарбойҷон» матлаби васеъ нашр намудааст. Дар матлаби мазкур мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Октай Асадов ва Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Наврӯз Исмоил оғлу Мамедов инъикос ёфтааст. Аз мулоқот ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Академияи дипломатии Озарбойҷон ва ба унвони Доктори фахрии Академияи дипломатии Озарбойҷон пазируфта шудани ӯ низ гузориши алоҳида нашр шудааст. Изҳороти матбуотии Эмомалӣ Раҳмон ва Изҳороти муштараки роҳбарони ду давлат ба пуррагӣ чоп шудаанд.

Дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (14.08.2018, №160) зери сарлавҳаи «Пешвои миллат: «Рушди муносибатҳои дуҷониба бо Озарбойҷон аҳамияти афзалиятнок дорад» суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими сарфарозгардонии дараҷаи Доктори фахрӣ дар Академияи дипломатии Озарбойҷон нашр шудааст. Сарвари давлати тоҷикон дар суханронии худ ба дипломатҳои ҷавони Озарбойҷон аз таҷрибаи бою ғании худ дар роҳи сулҳофарӣ, таъмини амнияти давлатӣ ва минтақавӣ малумотҳои фаровон доданд. Суханронии Пешвои миллати тоҷикон дар бораи роҳҳои расидан ба сулҳу суботи дар ҷумҳурӣ пойдор, рушди босуботи давлат ва ташаббусҳои беназири Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ барои дипломатҳои Озарбойҷон муҳим арзёбӣ карда шуданд.

Инчунин, дар ин шумора Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» нашр гардидааст.

Дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (15.08.2018, №161) дар бораи ифтитоҳи як қатор муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гузоришҳо чоп кардааст.

Инчунин, дар ин шумора тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» нашр гардидааст.

Нашрияи Маҷлиси Олӣ «Садои мардум» (11.08.2018, №97) низ дар бораи сафари расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориши васеъ нашр карда, Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиевро чоп намудааст.

Матни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» пурра нашр шудааст.

Инчунин, матни як қатор қарорҳое, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардааст, чоп гардидааст.

Дар шумораи навбатии худ нашрияи «Садои мардум» (16.08.2018, №99) зери сарлавҳаи «Илму маориф дар сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат мақоми муҳим дорад» суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанберо нашр кардааст.

Инчунин, зери унвони «Пайванди ҷовидона» мақолаи вакили Парлумони Тоҷикистон Меҳринисо Бобобековаро чоп кардааст, ки дар он муаллиф аз муносибатҳои дӯстонаву бародаронаи ду давлати ҳамсоя – Тоҷикистону Ӯзбекистон васф намудааст: «Пайванди дӯстӣ ва муносибатҳои ҳамаҷонибаи ду халқи ба ҳам наздику хеш – тоҷикону ӯзбекон таърихи басе тӯлониву ғанӣ дошта, саршор аз муҳаббату қадрдонӣ ва арҷгузорӣ мебошад. Онҳо асрҳо дар як сарзамин зиста, аз як сарчашма об хӯрдаву баҳра бурдаву таъми талхиву ширинии рӯзгорро бо ҳам чашидаанд. Ин ду халқ дар тӯли таърих ба муқобили золимони маҳаллӣ ва истилогарони аҷнабӣ дӯш ба дӯши ҳам мубориза бурда, баҳри озодӣ ва саодат ҷоннисорӣ кардаанд. Онҳо дар сари суфраи маърифату маданият бо ҳамдастиву ҳамдилӣ ва ҳамфикриву заковати некандешӣ осори ҳайратангези моддӣ ва маънавӣ офарида, ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, халқу миллати худро машҳури дунё гардонидаанд. Ин дӯстии таърихан қадим ва моҳиятан бузург намунаи дурахшони садоқат ва муҳаббати халқҳо маҳсуб мешавад».

Нашрияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷавонони Тоҷикистон» (16.08.2018, №33) мақолаи муовини Раиси шаҳри Истаравшан Нигора Наимҷонзодаро зери унвони «Истиқлолияти давлатиро чун гавҳараки чашм ҳифз бояд кард» нашр кардааст. Дар матлаби мазкур муаллиф аҳамияту муҳимияти истиқлолиятро ташреҳ намуда, хонандаро аз хатарҳои муосири таҳдидкунандаи амнияту истиқлолият ҳушдор медиҳад. Ӯ даъват мекунад, ки бояд мо ба қадри ин арзиши муқаддас расем ва онро ҳифз намоем.

Мақолаи рӯзноманигор Шаҳбози Асомиддин бо сарлавҳаи «Аз кӣ натиҷа интизор шавем?» нашр шуда, ба Бозиҳои тобистонаи осиёӣ бахшида шудааст. Дар мақола муаллиф кӯшиш намудааст бо истифода аз андешаҳои мутахассисон имкониятҳои варзишгарони тоҷикро муаррифӣ намояд.

Инчунин, мақолаву гузоришҳои дигар зери сарлавҳаи «Партовгоҳҳо бояд тоза нигоҳ дошта шаванд», «4-умин Анҷумани ҷавонони муҳассил дар хориҷи кишвар», «Сад шукри оли Раҳмон» нашр шудааст.

Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» (15.08.2018, №33) мақолаи Ҳоҷӣ Ҳусейн Шеровро бо номи «Ғофил аз онем, ки каҷ меравем… Ё хотирае аз сафари Ҳаҷ» чоп намудааст. Муаллиф, ки худ бевосита хонаи Худоро зиёрат кардааст, хотироту мушоҳидаҳои худро рӯйи саҳифа овардааст.

«CASA-1000» ба Тоҷикистон чӣ медиҳад?» номи мақолаи таҳлилии Неъматулло Худойбахшов аст, ки дар ин шумора чоп гардидааст. Дар ин матлаб муаллиф кӯшиш намудааст, ки манфиати ин лоиҳаи барои Тоҷикистон ва минтақа муҳимро мавриди таҳлил қарор диҳад. Ӯ таъкид менамояд, ки пас аз ба истифода дода шудани ин лоиҳа на фақат Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ, балки кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ низ бо барқ таъмин хоҳанд шуд.

 

Август 16, 2018 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони ноҳияи Ёвон дар 7500 гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ доир ба инкишофи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсия доир шуд
Аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон 25 электромотороллер дастрас гардид
Бар асари бориши зиёд дар Бразилия панҷ нафар ҳалок ва 18 нафар бедарак шудаанд
Дар Чин шумораи бар асари фурӯравии қитъаи роҳи баландсуръат ҳалокшудагон ба 36 нафар расид
Хонандагони муассисаҳои таълимии Норак дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 35 медал шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд
Бар асари гармои шадид дар Бангладеш 10 нафар ҳалок шуд
Дар Кения бар асари пайомадҳои обхезӣ дар як моҳ беш аз 160 нафар ба ҳалокат расид
МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии парапланеристонро дар Данғара дастгирӣ намуд
Дар ноҳияи Ховалинг дар 8 гектар боғи хуч бунёд карда шуд