САЙЁДҚАЛЪА: Асбобҳои ёфтшуда гувоҳи он аст, ки шаҳрсозӣ ва фарҳанги шаҳрдорӣ дар Тоҷикистон дар замони кушониён хеле тараққӣ карда буд

Август 23, 2018 15:27

ДУШАНБЕ, 23.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бостоншиносони Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо роҳбарии сардори шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллӣ, доктори илмҳои таърих Давлатхоҷа Довудӣ аз 23 июл то имрӯз дар ёдгории Сайёдқалъа бо ковишҳои бостоншиносӣ машғуланд, ки дар ҷараёни он шумораи зиёди асбобу афзори бостонӣ ёфт шуданд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шаҳрсозӣ ва фарҳанги шаҳрдорӣ дар ҳудуди Тоҷикистон дар замони кушониён хеле тараққӣ карда буд.

Тавре Давлатхоҷа Довудӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, дар ҷараёни ковишҳои имсола  зарфҳои гуногуни сафолӣ, дукҳои мармарии ресандагӣ, ангуштаринҳо ва дастпонаҳои гулдори биринҷӣ, зангулачаи биринҷӣ, ҳайкалчаи эзадбонуи зардуштӣ, ҳайкалчаҳои гилии меш, аспакҳо бо зину лаҷом ва шумораи зиёди далясангҳо ёфт шудаанд.

«Ин бозёфтҳо дар бораи иқтисодиёт ва хоҷагидорӣ, косибӣ, ҳунари заргарӣ дину оини сокинони шаҳрак маълумоти муҳим ва ҷолиб медиҳанд. Бозёфти порчаи фулузӣ бо тасвири нишонаи чоргӯшаи шоҳони кушонӣ низ нодир аст»,- гуфт бостоншиноси тоҷик.

Ба андешаи Давлатхоҷа Довудӣ: «бозёфтҳо аз он далолат мекунанд, ки савдо низ дар шаҳр хеле тараққӣ карда буд. Дар бахшҳои гуногуни шаҳр 61 сиккаи биринҷии шоҳони кушонӣ Вима Такту ва писари ӯ Вима Кадфиз, ки дар асри I мелод ҳукмронӣ кардаанд, ёфт шуданд. Дар рӯи ин сиккаҳо шоҳ ва дар пушташон шоҳи аспсавор ва Шива тасвир шудааст. Сиккаи пайравонаи Ҳелиокл, ки онро аввалин шоҳони кушонӣ задаанд, ёфт шуд ва  хеле муҳим аст».

Зикр гардид, ки сабаби зиёд ёфт шудани сиккаҳо дар он аст, ки шаҳрак дар сари яке аз шохаҳои роҳи байналмилалии тиҷорати «Роҳи Абрешим» ҷойгир буд ва ин роҳ ба воситаи кӯҳи Хоҷа Мастон то Вашгирд ва аз он ҷо ба воситаи Рашт, водии Олой ва Ошу Қошғар то Хитой мерасид. Сокинони шаҳрак дар савдои шаҳрӣ ва минтақавӣ низ фаъолона ширкат мекарданд.

Дар гирду атрофи шаҳр заминҳои лалмии киштбоб зиёд буданд ва зироаткорӣ хеле инкишоф ёфта буд, ки дар ин бора далясангҳои ёфтшуда шаҳодат медиҳанд.

Сайёдқалъа шаҳраки кушоние мебошад, ки дар ноҳияи  А. Ҷомӣ ҷойгир аст. Ин ёдгорӣ бори нахуст соли 2016 аз ҷониби бостоншиносони Осорхонаи миллии Тоҷикистон кашф ва таҳқиқ карда шуд. Сайёдқалъа дар теппаи баландиаш 25 метр ҷойгир буда, масоҳаташ 1,3 гектар мебошад.

Август 23, 2018 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд
Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд