«САЙЁРА РАНГ ИВАЗ МЕКУНАД». Филми нави «Суғдсинамо» ба намоиш гузошта мешавад

Август 31, 2018 09:06

ДУШАНБЕ, 31.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 27 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 22 — 25 сентябр Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов филми нави ҳунарии «Сайёра ранг иваз мекунад»-ро ба намоиш мегузорад.

Тавре аз киностудияи «Суғдсинамо» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, филми нав дар жанрҳои мелодрамма ва триллер сабт шуда, дар он ҳунармандони маъруфи синамо Қурбон Собир, Таҳмина Раҷабова, Дилбар Сулаймонова, Тағоймурод Розиқов, Нурулло Ҳақназаров, Хуршед Мустафоев, Умар Алиев ва дигарон нақш бозидаанд.

«Сайёра ранг иваз мекунад», ки муҳтавои он ба таълиму тарбияи фарзанд бахшида шуда, бо дастгирии молиявии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд асосан дар шаҳри Хуҷанд ва қисман дар деҳаи Угуки ноҳияи Деваштич ба навор гирифта шудааст.

Август 31, 2018 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд