САМАРАИ ИҚДОМОТИ НЕК: Ӯзбекистон дар ноҳияи Спитамен мактаби замонавӣ бунёд мекунад

Август 14, 2018 09:11

ДУШАНБЕ, 14.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон мактаби замонавӣ бунёд карда мешавад. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар дода, зикр карданд, ки корҳои сохтмонии ин мактаб аллакай оғоз гардиданд.

Ба иттилои манбаъ, ин мактаб дар асоси Созишномаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои 630 хонанда дар як баст сохта шуда, он аз таҳхона, се ошёнаи таълимӣ, ошхона, толор ва майдончаи варзишӣ иборат хоҳад буд.

Раиси ноҳияи Спитамен Акрам Сулаймонзода аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ боздид карда, иброз намуд: «Маҳз бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев муносибатҳои ду давлати дӯсту бародар ба марҳилаи сифатан нав баромада, ҳамкориҳо дар ҳамаи соҳаҳо бомаром рушд карда истодаанд».

Зикр шуд, ки муассисаи таълимии мазкур дар соли хониши 2019-2020 мавриди истифода қарор мегирад.

 

Август 14, 2018 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд