Сарбозону афсарони дидбонгоҳи сарҳадии «Рӯшон» соҳиби шаҳраки замонавӣ мегарданд

Август 6, 2018 12:00

ХОРУҒ, 06.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбозону афсарони дидбонгоҳи сарҳадии «Рӯшон» мутааллиқ ба қисми ҳарбии комендатураи сарҳадии ноҳияи Рӯшон ба шаҳраки нави замонавӣ  мекӯчанд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад,  шаҳраки мазкур   тибқи талаботи  меъёрҳои муосири меъморӣ бунёд гардида, дар он  барои сарбозону афсарон  тамоми шароити хизмативу маишӣ  фароҳам оварда шудааст. Шаҳраки муосири марзбонон  аз хобгоҳ, ошхона, ҳаммом, китобхона, толори хониш ва тамрингоҳ  иборат буда, дар саҳни он дарахтони мевадору сояафкан шинонда мешаванд.

Сарбозону афсарони дидбонгоҳи  мазкур ба  Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш Эмомалӣ Раҳмон  барои зоҳир намудани  тавваҷҷӯҳи беандоза ба ҳаёти марзбонон, аз ҷумла,  бунёди чунин шаҳраки замонавӣ   изҳори   миннатдорӣ  намуданд.

Тавре сарбозони қаторӣ Суҳроб Комилов  иброз дошт, «Таъмин шароити хуби хизматӣ   масъулияти мо,  марзбононро  боз ҳам афзун намуда, шабу рӯз кӯшиш мекунем, ки сарҳадро мисли гавҳараки чашм муҳофизат намоем, то қадами номубораки ягон душман ба он наздик нашавад».

Август 6, 2018 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад