Шарофат Эрматова: «Аз истиқболи самимӣ ва меҳмоннавозии тоҷикон сарамон ба фалак расид»

Август 10, 2018 09:18

ДУШАНБЕ, 10.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Аз меҳру муҳаббат, самимият ва истиқболу меҳмоннавозии тоҷикон сарамон ба афлок расид»,- чунин гуфт дар ҷамъи  намояндагони воситаҳои ахбори оммаи /ВАО/ Ҷумҳурии Тоҷикистон  раиси Маркази миллии тоҷикони Ӯзбекистон Шарофат Эрматова, ки дар ҳайати гурӯҳи журналистони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ташриф овардааст.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар»  иттилоъ медиҳад, дар вохӯрӣ, ки дар «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» доир гардид,  муовини  раиси  Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон Сӯҳроб Ализода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, директори «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» Зинатулло  Исмоилзода доир ба робитаҳои мутақобилан судманди ду давлати ҳамсоя ибрози назар намуданд.

Зикр шуд, ки маҳз бо шарофати ташаббусҳои наҷиби Президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев робитаҳои ду давлат вориди марҳилаи нав гардиданд, ки ин раванд  аз рушди дурнамои ҳамкории гуногунсоҳаи ду кишвари ҳамҷавор ва дӯсту бародар –Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шаҳодат медиҳад.

Дар ҷамъомад  инчунин раиси Маркази миллии тоҷикони Ӯзбекистон  доир ба фаъолияти маркази мазкур  ва нақши он дар таҳкими робитаҳои дӯстиву бародарӣ ва илмию фарҳангии  Тоҷикистону Ӯзбекистон  ибрози назар намуд.

Зикр шуд, ки  ҳамзамон дар  нуҳ вилояти Ӯзбекистон чунин марказҳои фарҳангӣ созмон дода шуда, алҳол дар Ӯзбекистон  245 мактаби тоҷикӣ фаъолият дорад.  Ҳамзамон дар  Донишгоҳи давлатии  шаҳри Самарқанд ба номи Алишери Навоӣ факултаи филологияи тоҷик амал намуда, дар донишгоҳҳои давлатии шаҳрҳои Термиз ва Фарғона  гурӯҳҳои тоҷикӣ  ташкил карда шудааст.

Дар вохӯрӣ ҳамзамон масъалаи  таҳкими робитаҳои мутақобилан судманд байни ВАО-и ҳар ду кишвар  матраҳ гардид. Бояд зикр кард, ки гурӯҳи калони  ходимони фарҳанг ва хабарнигорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз  7  август  бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Ҳадафи сафар омодасозии маводҳо ва наворҳо барои воситаҳои ахбори оммаи /ВАО/  Ӯзбекистон  дар арафаи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад, ки ба рушди муносибатҳои байнидавлатӣ, тарғиботи анъанаҳои дӯстии миёни халқҳои тоҷик ва ӯзбек, шиносоӣ бо шароити зисти мардуми ӯзбектабор дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Дар доираи ин сафар ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо зиндагии мардум дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ошно гардида, аз марказҳои илмию фарҳангии Тоҷикистон назири Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ТВ «Варзиш», Қалъаи Ҳисор  ва дигар корхонаҳои бузурги саноатии  Тоҷикистон боздид намуданд. Сафари ҳайати рӯзноманигорони ӯзбек ба Тоҷикистон то 11 август идома ёфта, имрӯз ба вилояти Хатлон сафар менамоянд.                             

Август 10, 2018 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад