Шавкат Мирзиёев як гурӯҳ ходимони давлатӣ, намояндагони соҳаи илм, маориф ва фарҳанги Тоҷикистонро бо мукофотҳои давлатии Ӯзбекистон сарфароз гардонид
ДУШАНБЕ, 31.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев имрӯз дар арафаи таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон як гурӯҳ ходимони давлатӣ, намояндагони соҳаи илм, маориф ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мукофотҳои давлатии Ӯзбекистон сарфароз гардонид.
Аз ҷумла, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Вазири корҳои хориҷии ҶТ Сироҷиддин Муҳриддин бо ордени «Фидокорона хизматлари учун» («Барои хизматҳои фидокорона») сарфароз гардонида шуданд.
Низом Қосим – Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Тошпӯлод Гулмуродов – мудири кафедраи кардиохирургияи Донишкадаи таҳсили баъдидипломӣ дар соҳаи тандурустӣ бо ордени «Меҳнат шуҳрати» қадршиносӣ шуданд.
Бо ордени «Дустлик» («Дӯстӣ») Алӣ Муҳамадиев — мудири шуъбаи Фонди мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон, Ифтихор Ҷӯраев — сардори Раёсати бозрасии назорати давлатии геодезӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳим Марупов — сарходими Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови АИ Тоҷикистон ва Ҳасан Бердиқулов — узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон сарфарозонида шуданд.
Адҳам Холиқов — роҳбари бадеии Муассисаи давлатии «Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ» ва Давлатманд Холов — роҳбари бадеии ансамбли давлатии «Фалак»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони фахрии «Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» қадрдонӣ шуданд.
Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 29 августи соли 2018 шахсони зикршуда, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар таҳкиму тавсеа ва густариши муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, робитаҳои фарҳангию башардӯстона, иҷтимоию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи самарабахши байни ду кишвар ба манфиати мардумони тоҷику ӯзбек саҳми босазо гузоштаанд, бо мукофотҳои давлатии Ӯзбекистон сарфароз гардонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки 30 август дар арафаи таҷлили ҷашни умумимиллӣ — 27 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ ходимони давлатӣ, намояндагони соҳаи илм, маориф ва фарҳанги Ӯзбекистони ҳамсояро бо мукофотҳои давлатии Тоҷикистон сарфароз гардониданд.
Абдулло Орипов — Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Абдулазиз Комилов — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Ордени “Исмоили Сомонӣ” дараҷаи II сарфароз шуданд.
Шавкат Ҳамроев — Вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бо ордени “Шараф” дараҷаи I, Зокирҷон Алматов — мушовири Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Абдуваҳҳоб Воҳидов — раиси маркази фарҳанги миллии тоҷики вилояти Самарқанд, Исмоил Ҷурабеков — мушовири Вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Тухтамиш Тухтаев — мудири шуъбаи рӯзномаи “Овози тоҷик” ва Таваккал Чориев — профессори кафедраи таҳсилоти ибтидоии Донишгоҳи давлатии Бухоро, бо Ордени “Дӯстӣ” қадршиносӣ гардиданд.
Барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ бошад, Шералӣ Ҷураев — ҳофизи муассисаи давлатии “Узбекконсерт” ва Мавлуда Халилова — ходими калони илмии шуъбаи “Устод — шогирд мактабӣ»-и Маркази миллии ӯзбекии санъати мақоми Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо унвони фахрии “Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон”сарфароз гардиданд.









Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи илму фарҳанг баррасӣ шуд
Дар Берлин консерти ансамбли «Моҳирон» дар доираи фестивали байналмилалии Young Euro Classic баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар соҳаи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
Дар Кувайт ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар самти консулӣ байни Тоҷикистон ва Давлати Кувайт баррасӣ гардид
Дар Вена масъалаҳои таҳкими ҳамкории илмӣ-фарҳангии Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Анқара машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия баргузор шуданд
Масоили ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Дар Теҳрон ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон оид ба корҳои Аврупо мулоқот намуд
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори саноатии вилояти Брест шинос гардид
Дар Қоҳира масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар самти таблиғи фарҳанги сулҳ баррасӣ шуданд






