«ШИРМОЛАҲОИ МАҲТОБӢ». Нашриёти «Адиб» бо чунин ном китоби новеллаҳои нависандаи Ӯзбекистонро аз чоп баровард
ДУШАНБЕ, 09.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Ширмолаҳои маҳтобӣ»- таҳти чунин унвон нашриёти «Адиб» маҷмӯаи новеллаҳои адиби тоҷиктабори Ӯзбекистон Шариф Халилро аз чоп баровард. «Ширмолаҳои маҳтобӣ» китоби дуюми нависандаи ҷавон мебошад, ки новеллаҳо ва ҳикоёти хурдро дар бар гирифтааст.
Дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Шариф Халил гуфт, ки новеллаҳо дар мавзӯъҳои гуногун навишта шуда, хонандаро ба рангорангии ҳаёт ошно месозад. Мавзӯъҳои доғи зиндагӣ, аз ҷумла ҳаёти муҳоҷирон, мушкилоти имрӯзи мактабу маориф, муборизаи хайру шар, ҳаёти ботаҷрибаи мӯйсафедони деҳотӣ аз мавзӯъҳои меҳварии китоби «Ширмолаҳои маҳтобӣ» маҳсуб меёбанд, ки бо сабки дилнишин эҷод гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки китоби нахустини адиби ҷавон Шариф Халил соли 2016 бо номи «Дар пошнаи кӯҳи баланд» дар нашриёти «Тамаддун»- и шаҳри Тошканд нашр гардида буд. Шариф Халил дастпарвари бахши журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, дар шаҳри Термези Ҷумҳурии Ӯзбекистон сукунат дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






