Шоми имрӯз 89-умин мавсими театрӣ бо намоиши «Ишқи нобино» ифтитоҳ мегардад
ДУШАНБЕ, 28.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз, 28 августи соли равон соати 18:00 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ кушодашавии 89-умин мавсими театрӣ баргузор мегардад. Аҳли эҷоди театри мазкур мухлисони худро бо намоиши нави «Ишқи нобино» пешвоз мегиранд.
Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, асари «Ишқи нобино» ба қалами нависанда Маҷид Салим тааллуқ дошта, онро Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Тӯрахон Аҳмадхон рӯи саҳна овардааст.
Намоиш дар бораи ишқи поки ҷавони нобино ва духтари зебо нақл мекунад. Дар намоишнома дӯстдоштагон мехоҳанд оиладор шаванд, аммо волидон ва атрофиён ин нияти онҳоро дастгирӣ намекунанд. Дар охир оё дилдодагон ба ҳамдигар мерасанд? Пас аз тамошои намоишнома маълум мегардад.
Дар нақшҳои асосӣ Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Саодат Азизова, Бобоҷон Ҳасанов, ҳунарпешагон Насриддин Асадуллоев, Савлатмо Ақназарова, Исфандиёр Ғуломзода ва Умедҷон Бобомуродов ҳунарнамоӣ мекунанд.
Бояд зикр кард, ки «Ишқи нобино» бозгӯкунадаи арзишҳои неки ҷаҳони маънавӣ, хидмати тиббӣ, ишқу муҳаббати пок мебошад. Ин асар драмаи иҷтимоӣ буда, дар он бархӯрди ақидаву андешаҳо дар заминаи арзишҳои илмию тиббӣ ба таври бадеӣ инъикос ёфтаанд.








«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд






