Шумораи қурбониёни заминларза дар Индонезия ба беш аз 95 нафар расид
ДУШАНБЕ, 06.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Шумораи қурбониёни заминларза дар ҷазираи Ломбоки Индонезия ба 98 нафар расида, беш аз 200 тани дигар маҷрӯҳ гардидаанд. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба намояндаи Агентии пешгирии ҳолатҳои фавқулодаи Индонезия Сутопо Нугрохо хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар айни ҳол таҳвили хориҷиён аз Ломбок ва дигар ҷазираҳои хурди атроф идома дорад. «Гап дар бораи 2,7 ҳазор нафар сайёҳон меравад, ки аллакай ба ҷойҳои бехавф таҳвил дода шудаанд», — гуфт С. Нугрохо.
Тибқи маълумоти Маркази зилзиласанҷӣ дар Аврупо ва Баҳри Миёназамин, рӯзи якшанбе, 5 август дар ҷазираи Ломбоки Индонезия заминларзаи шиддатнокиаш 6,6 балл рух дод, ки маркази он дар километри 49-уми шимолу шарқи шаҳри Матарам (319 ҳазор аҳолӣ) дар умқи 10 км ҷойгир буд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






