СУҒД: 25 автобуси тамғаи «ЛИАЗ» ба Хуҷанд ворид гардид

Август 27, 2018 09:12

ДУШАНБЕ, 27.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Боз 25 адад автобусҳои мусофиркашонӣ дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» ба маркази вилояти Суғд ворид гардид, ки ҳадаф беҳсозии ҳолати кунунии хизматрасонии нақлиётҳои ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Автобусҳои наву замонавӣ тамғаи «ЛИАЗ» буда, истеҳсоли Федератсияи Россия мебошанд.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, лоиҳаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар ҳаҷми беш аз 26 миллион доллари америкоӣ амалӣ гардида истодааст.

Автобсуҳои нав нисбат ба автобусҳои қаблан воридшуда калонҳаҷм буда, дарозии он 12 метр мебошад. Ҳар як автобус барои ғунҷоиши зиёда аз 100 мусофир пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин дар дохили автобус барои маъюбон имконоти мусоид фароҳам омадааст. Ҳамакнун бо амалӣ гаштани марҳилаи дуввуми лоиҳаи зикршуда хатсайри автобусҳо боз ҳам фарохтар гардид. Ҳаракати ин автобусҳо аз маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд оғоз ёфта, то шаҳри Бӯстон идома меёбад. Дар назар аст, ки дар оянда ба самти шаҳри Гулистон низ хатсайри автобусҳо ба роҳ монда шавад.

Бояд зикр кард, ки автобусҳои наву замонавӣ мутобиқ ба талаботи замони муосир истеҳсол гардида, ҳамаи амалиёт дар он ба тариқи электронӣ ба сомон расонида мешавад. Масъулин нақша доранд дар ояндаи наздик бо мақсади баланд бардоштани хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ пардохти электронӣ ва чиптавии онро ба роҳ монанд. Бо амалӣ гаштани марҳилаи дуввуми лоиҳа шумораи умумии автобусҳо ба 50 адад расид ва мувофиқи нақша то поёни соли равон боз 50 адад автобус ба маркази вилоят оварда мешавад.

Август 27, 2018 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд